Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ оид ба “Футболи хурд” дар ноҳияи Ҷ.Расулов

576

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи варзиш, тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии наврасону кӯдакон, дарёфти чеҳраҳои варзишӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар байни онҳо, санаи 29-30-юми декабри соли 2018 бахшида ба “Соли нави мелодии 2019” дар майдончаи варзишии ноҳияи Ҷаббор Расулов байни дастаҳои наврасони ноҳия барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди “Футболи хурд” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар оғози мусобиқа сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов полковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон Бобоназар баромада карда, варзишгаронро бахшида ба Соли нави мелодии 2019 табрику муборакбод намуд. Сипас оид ба таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ оид ба нақши варзиш барои солимии ҷавонону наврасон суханронӣ намуда, мусобиқаи варзиширо ифтитоҳ бахшид.
Варзишгарон бо шавқу завқи зиёд дар мусобиқаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

577578

Дар натиҷа, дастаи “Ҷавонӣ-1” - соҳиби ҷойи якум, дастаи “Навбунёд” - соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи “Ҳаёти нав” – соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Аз тарафи роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов ҷойи якум бо “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” ва 13 медали тилло, ҷойи дуюм бо 13 медали нуқра ва ҷойи сеюм бо 13 “Сипосномаҳо” қадршиносӣ карда шуданд.
Дар хотимаи мусобиқаи варзишӣ ба 100 нафар варзишгарони дар чорабинии мазкур иштирокдошта шириниҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика