Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи футбол бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» ва Иди касбӣ

392

Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани рӯҳияи варзишии ҳайати шахсӣ бахшида ба «Рӯзи конститутсия» ва таҷлили Рӯзи касбии кормандони милитсия мусобиқаи даставии футболи хурд ташкил намуданд. Дар оғози чорабинӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд доир гашт муовини якуми сардори Раёсати РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад суханронӣ намуда, варзишро қосиди сулҳ ва омили солимгардонӣ унвон кард. 

Баргузор намудани чунин мусобиқаҳо пеш аз ҳама имконият медиҳад таваҷҷуҳи ҳайати шахсӣ ба тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонӣ бештар шавад.
Мусобиқаи мазкур байни дастаҳои шуъбаҳои ВКД ва ҷузъу томҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то санаи 7-уми ноябр идома ёфта, ғолибон зимни таҷлили «Рӯзи милистия», ки ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад бо туҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.

393394

20 даста ҷиҳати иштирок номнавис шуда дар ҳайати 5 гурӯҳ байни ҳам рақобат ва аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба давраи баъди роҳ меёбанд. Ба мусобиқа дастаҳо бо омодагии комил ҳозир гардиданд. Вохӯрии футболбозони Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар ноҳияи Деваштич ба рафти мусобиқа оғоз бахшид.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика