Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти гӯштингирони дастаи «Динамо» дар Фестивали миллӣ

473

Аз 7 то 10-уми сентябри соли равон, дар маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ динамочиёни Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияи Кӯлоб фаъолона ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.

474

Аз ҷумла, Фирдавс Насимов дар вазни 100 кг ва Саймумин Ятимов дар вазни 90 кг бо рақибони худ қувваозмоӣ намуда, соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ ҳамчунин Баҳром Суфиев рақобат намуда, дар вазни 65 кг ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардид.
Дар охири мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорони ин намуди варзиш аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ гардиданд.
Рухшона Шукурова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика