Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ҷавонони ВМКБ

467461

Бо дастгириҳои бевосита ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, варзишгарони тоҷик бо ҳамаи шароитҳо ва имкониятҳои варзишӣ таъмин буда, ҳамасола дар навъҳои гуногуни намудҳои варзишӣ дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон бо гирифтани ҷойҳои намоён парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» дар байни ҷавони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ аз намуди бозиҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯйи миз дар Маркази ҷавонон ва Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ идома доранд.

462463

Шоҳмот намуди варзишест, ки ҷиҳати рушди фикронӣ ва ақлонии инсон, алалхусус наврасон ва ҷавонон мусоидат мекунад. Дар муассисаи давлатии Маркази ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот ва шашка дар байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил карда шуда, ҷавонон дар он фаъолона барои ба даст овардани ғолибият сабқат намуда истодаанд.
Мусобиқа аз намуди волейбол дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ миёни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён ёфта, дастаҳои варзишгарон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» маҳорати варзишии худро яке аз дигаре беҳтару хубтар нишон дода истодаанд.
Волейбол намуди варзишест, ки аз ҷиҳати обу тоби бадан ба ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд. Сабқат аз ин намуди бозии варзишӣ миёни ҷавонони маҳаллаи С.Абдуллоев, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, мактаби варзишии шаҳри Хоруғ ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят идома дорад.
Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», маблағи пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, доварони ин мусобиқа низ қадрдонӣ карда мешаванд.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика