Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти варзишгари «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини дзюдо

423

Рӯзҳои 30 июн - 1 июли соли 2018 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини дзюдо байни наврасон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

424

Дар ин мусобиқа 15 даста аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар вазнҳои мухталиф иштирок намуда, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мирзоев Аюбҷон Абдуқодирович дар вазни 90 кг бар ҳарифони худ ғолиб баромада, ҷои якумро ишғол кард.

425

Мавриди қайд аст, ки Аюбҷон фарзанди корманди мақомоти корҳои дохилӣ, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милитсия Мирзозода Абдуқодир Довуд буда, ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзиш -қосиди сулҳ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид, ки ин нукта барои варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ руҳу илҳоми тоза бахшида, дар амалигардонии нақшаву ниятҳои нек дар мавриди таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика