Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Гуштини юнону румӣ»

418

Аз 25-ум то 28-уми июни соли 2018 дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди «Гуштини юнону румӣ» байни наврасони синну соли 1998-2001 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

419

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 91 варзишгар аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар вазнҳои 51, 55, 60, 63, 67, 72, 77, 82, 87, 97 иштирок намуда, барои гирифтани ҷойҳои намоён байни ҳам қувваозмоӣ карданд.
Дар натиҷаи умумӣ дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид. Ҷойи дуюм бошад, ба гирифтани 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ насиби дастаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҷойи сеюм ба гирифтани 2 медали тилло ва 3 медали нуқра ба дастаи Ҷумҳурии Қирғизистон насиб гардид.
Варзишгарони зерин дар вазнҳои худ ғолиб гардида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз он ҷумла, дар вазни 51 кг:
- ҷойи якум Саъдуллоев Воҳид аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи дуюм Нағзибеков Бахтиёр аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Соҳибов Анушервон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Шарипов Ҳасан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар вазни 55 кг:
- ҷойи якум Қурбонов Ҷомӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Қосимбеков Кенес аз Ҷумҳурии Қирғизистон,
- ҷойи сеюм Камолов Баракат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Тиллоев Фирдавс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазни 60 кг:
- ҷойи якум Ҷураев Алиҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Катабеков Иномҷон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи сеюм Каримов Элдар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи сеюм Искандаров Султон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазни 63 кг:
- ҷойи якум Абдулҳаев Азизҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Маҳмудов Дилшод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Ҳамроев Ҷаҳонгир аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи сеюм Жонмаратов Нурсултон аз Ҷумҳурии Қазоқистон.
Дар вазни 67 кг:
- ҷойи якум Очилов Шерзод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Мақсадбек Улуғбек аз Ҷумҳурии Қирғизистон,
- ҷойи сеюм Гулов Азизҷон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Жорматов Н. аз Ҷумҳурии Қазоқистон.
Дар вазни 72 кг:
- ҷойи якум Искандаров Мақсат аз Ҷумҳурии Қазоқистон,
- ҷойи дуюм Кузиев Ҷамшед аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи сеюм Уроқов Муслиҳиддин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Саидзода Султон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазни 77 кг:
- ҷойи якум Уроқов Муслиҳиддин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Ҳасанов Бахтовар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Акпаров Азамат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Надиарбеков М. аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазни 82 кг:
- ҷойи якум Розиқов Далер аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи дуюм Аюбов Эҳром аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Одинаев Акмал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Холмуродов Орзу аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вазни 87 кг:
- ҷойи якум Ахимимбаев Ерган аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон,
- ҷойи дуюм Тошбаев Даурен аз Қазоқистон,
- ҷойи сеюм Атоев Беҳруз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Мусоев Мухаммед аз Ҷумҳурии Қирғизистон.
Дар вазни 97 кг:
- ҷойи якум Тойшибоев Д. аз Ҷумҳурии Қазоқистон,
- ҷойи дуюм Саъдуллоев Ҷаҳонгир аз Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- ҷойи сеюм Тошпулатов Азамат аз Ҷумҳурии Қирғизистон,
- ҷойи сеюм Саидов Ҷалол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.

420

Аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини юнону румӣ медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва Сипосномаю Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика