Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ГУШТИНИ САМБО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

253

Рӯзи 10-уми феврал дар толори варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» мусобиқаи кушоди даставии гуштини самбо баргузор гардид. Ин сабқат дар доираи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифта, дар он варзишгарон дар ҳайати 17 даста бо шумули 114 варзишгар иштирок намуданд.

254

Мусобиқа аз рӯйи панҷ вазн: 68 кг, 74 кг, 82 кг, 90 кг ва аз 90 кг боло дар се давр баргузор гардида, онро доварони ботаҷриба доварӣ намуданд. Паҳлавонон барои ба даст овардани ғолибият ва дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 68 кг ҷойи аввалро Меҳроҷиддин Ғафуров аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Фирдавс Мирзоев аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Зафар Алиев аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

255

Дар вазни 74 кг Мубориз Мунавваров аз ШҶ «Динамо» сазовори ҷойи аввал, Сайҳомиди Сайвалӣ аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мақоми дуюм, ҷойи сеюмро бошад, Сиёвуши Боймурод аз ШҶ «Динамо» ва Суҳроб Бозоров аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД соҳиб шуданд.
Инчунин, дар вазни 82 кг Зафар Олимшоев аз Кумитаи сарҳадоти КДАМ мақоми аввалро касб намуда, ҷойи дуюмро Давлатманд Изатуллоев аз ШҶ «Динамо», ҷойи сеюмро Асомуддин Умаров аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ҷамшед Қурбонов аз РҚД-и ВКД соҳиб шуданд.
Дар вазни 90 кг Исфандиёри Хайриддин аз РҚД ВКД сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷойи дуюмро динамочӣ Фирдавсӣ Ҳайбуллоев ва ҷойи сеюмро Худобахш Расулов соҳиб шуданд.
Вазни ниҳоии сабқати варзишгарони гуштини самбо аз 90 кг боло буда, дар ин вазн ҷойи аввалро Шоҳрух Амирхонов аз РҚД ва ҷойи дуюмро Сарфароз Сарфарозов аз ШҶ «Динамо» сазовор шуданд. Зинаи сеюмро дар ин вазн Алидод Раупов аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳиб шуд.
Аз намуди даставӣ мақоми аввалро Вазорати корҳои дохилӣ, мақоми дуюмро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро бошад, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сазовор шуданд.
Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо «Сипоснома», «Ифтихорнома», медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» қадрдонӣ гардиданд.

256257

Мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаву идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз рӯйи дигар намудҳои варзиш идома дошта, аз рафти онҳо иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика