Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарсҳои «Худмуҳофизатии беяроқ» барои кормандони милитсия

228

Аз 10-уми январ то 29-уми декабри соли 2017, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар маҷмааи варзишии Шӯрои мазкур барои мутасаддиён оид ба тайёрии ҷисмонӣ ва дигар кормандони раёсат ва шуъбаҳои Дастгоҳи Марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дарсҳои «Худмуҳофизатии беяроқ» ташкил ва гузаронида шуд.

229

Дар дарсҳои «Худмуҳофизатии беяроқ» 120 нафар мутасаддиёну кормандони милитсия ба тамрину омӯзиши нозукиҳои ин самти муҳими омодагии ҷисмонӣ ҷалб гардида, аз натиҷаи дониш ва маҳорати андӯхтаи онҳо мутахассисони соҳа санҷиш гирифтанд. Аз ин миқдор 15 нафар соҳиби сертификат гашта, дарс ва санҷишҳо ҳанӯз идома доранд.
Сертификатҳоро ба кормандоне, ки курси пурраи дарси «Худмуҳофизатии беяроқ»-ро тӯли ин сол бомуваффақият гузаштанд, дар маросими тантанавӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ супорид.
Қобили қайд аст, ки дарсҳои «Худмуҳофизатии беяроқ» бо мақсади такмили омодагии ҷисмонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, зада гардонидани ҳуҷуми ашхоси ҷинояткор дар шароити муҳорибаҳои тан ба тан, ҳифзу амнияти шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардидааст.

230231

Зимни дарсҳои мазкур ба кормандону мутасаддиёни мақомот усулҳои дастгир намудани ҷинояткор аз пеш, аз қафо, дар ҳолати бо корд мусаллаҳ будани ҷинояткор, қатъдиҳии дастҳо (волевой прием) ва ғайра аз ҷониби мутахассисони соҳа омӯзонида шуданд.
Дар навбати худ, мутасаддиёни омодагии ҷисмоние, ки соҳиби сертификат шуданд, дар ҷойҳо ин усулҳоро ба ҳайати шахсии раёсат ва ё шуъбаи худ меомӯзонанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика