Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба рӯзи Истиқлолият

Имрӯз (06.09.2017с), бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди варзиши сабуки «Панҷҳарба» байни Сарраёсат, Раёсатҳо, шуъбаҳо, ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо иштироки 10 даста дар ҳайати зиёда аз 40 нафар варзишгар ва доираи васеи мухлисону ҳаводорони варзиш доир гардида, варзишгарон аз рӯйи намуди варзиши сабуки ҷаҳидан ба дарозӣ, давидан ба масофаи 100 ва 800 метр, инчунин кашидани турник ва эстафетаи 4х100-метра бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ҷойи аввалро сазовор гардид. Дастаи варзишгарони ДТММ низ бо маҳорати хуби варзишӣ барои ба даст овардани ғолибият қувваозмоӣ намуда, ҷойи дувумро соҳиб шуданд. Ҷойи сеюм бошад, ба дастаи варзишгарони Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ насиб гардид.

Дар фарҷоми чорабинии варзишӣ мушовири Вазири корҳои дохилӣ оид ба варзиш ва тайёрии ҳарбӣ Ориф Ҷӯраев ба ғолибони мусобиқа аз номи Кумитаи тадорукоти Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷом ва Ифтихорнома тақдим намуд.
Инчунин, варзишгарони дастаҳои Воҳиди махсуси ВКД ва дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат барои фаъолона иштирок намуданашон дар ин мусобиқаи варзишӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Р. ИЛЁСОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад