Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани машқҳои таълимӣ-варзишӣ барои динамочиён

Бо эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» дар тамоми соҳаҳои таълимиву варзишии кишвар наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия ва варзиши бадан бештар фаро гирифта шудаанд.
Бо дастгирӣ ва ташаббуси роҳбарияти ВКД аз санаи 27 то 30-юми июли соли равон дар дараи Варзоб барои кўдакону наврасон ва ҷавонони динамочӣ машқҳои таълимӣ-варзишӣ баргузор гардид.
Дар он нозукиҳои варзиши кикбоксинг ва самбои муҳорибавӣ, бо иштироки мураббиёни Шўрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, аз ҷумла мураббиён оид ба кикбосинг, подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва Шоев Фазлиддин, инчунин мураббӣ оид ба самбо, майори хизмати дохилӣ Мерганов Каримҷон ба варзишгарон нишон дода шуд.
Тамрини варзишгарон аз субҳи содиқ ба давидан ва баромадан ба баландӣ оғоз гардида, то шиноварӣ ва гузаронидани семинар-машварат дар мавзўи ватандўстӣ, сулҳу субот, хизмат ба Ватан ва машғул шудан ба варзиш аз ҷониби мураббиён ба охир расид.
"Гузаронидани чунин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ, солимии ҷисмонӣ ва албатта тайёр намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат менамояд, - афзуд зимни сӯҳбат муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Шоҳиён Аслиддин.
Боиси зикр аст, ки роҳбарияти ВКД, хусусан Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба соҳаи варзиш аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои варзишгарон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст.

Барои таъмин намудани маҳорати баланди варзишӣ дар осоишгоҳҳои «Садбарг»-и ВКД дар дараи Ромит ва «Сипар»-и РВКД дар вилояти Суғд машқҳои таълимӣ-варзишӣ ва семинарҳо мунтаззам баргузор карда мешаванд.
С. ШОИКОВА

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика