Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян гардидани ғолибони мусобиқа оид ба вазнбардорӣ

Рӯзи 12-уми июл дар варзишгоҳи "Спитамен"-и ВКД мусобиқаи варзишии шахсӣ байни варзишгарони ҳайати шахсии дастгоҳи марказии ВКД ва ҷузъу томҳои он оид ба вазнбардорӣ баргузор гардид, ки дар он аз рӯйи вазнҳои 60, 70, 80, 90 ва зиёда аз 90 килограмм қувваозмоиҳо сурат гирифтанд.

Дар ин мусобиқа барои бардоштани санги варзишӣ дар вазни 60 кг ҷойи аввалро Сангалӣ Ализода аз Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи дуюмро Д.Бӯриев аз Рёсати ташхисӣ-криминалистӣ ва ҷойи сеюмро Ш.Назарзода аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ишғол намуданд.
Дар вазни 70 кг корманди Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД Розиқов Неъматулло барои бардоштани санги варзишӣ 81 маротиба ҷойи аввал, хизматчии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ Раҳматшоҳи Абдураҳим бо бардоштани санги варзишӣ 75 маротиба ҷойи дуюм ва Мунавваров Кишвар аз Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД бо 30 маротиба бардоштани санги варзишӣ ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар вазни 80 кг бошад, корманди СХДО Табаров Неъматулло бо 85 маротиба бардоштани санги варзишӣ дар зинаи аввал қарор гирифта, ду ҷойи баъдиро Қурбонов Аҳмад ва Файзалии Амрохон - ҳарду аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ба даст оварданд.
Дар вазни 90 кг ҷойи аввалро Давлатзода Солеҳ аз СХДО бо 48 маротиба бардоштани санги варзишӣ ва ҷойи дуюмро бошад, бо 39 маротиба бардоштани санги варзишӣ Исфандиёри Хайриддин аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ишғол намуданд. Ҷойи сеюм насиби Нурматов Зуҳур аз Раёсати кофтукови ҷиноятӣ гардид.
Дар вазни беш аз 90 кг Алиқулов Алиҷон аз СХДО бо 70 маротиба бардоштани санги варзишӣ мақоми аввалро соҳиб шуда, ҷойи дуюмро Воҳидов Наврӯз аз Раёсати ташхисӣ-криминалистӣ бо 60 маротиба бардоштани санг ишғол намуд. Дар ҷойи сеюм Сабуров Назришо аз ДТММ бо бардоштани 50 маротиба санги варзишӣ қарор гирифт.
Дар ҳисоби даставӣ бошад, ҷойи аввалро тими СХДО, ҷойи дуюмро дастаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро тими Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД сазовор гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба гуштини миллӣ, бандкашӣ ва вазнбардорӣ байни сарраёсату раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои Дастгоҳи марказиии ВКД, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ, таҳти шиори "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" аз 28-уми июн то 12-уми июл идома ёфта, дар он шумораи зиёди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо маҳорати баланди варзишӣ баромад карданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад