Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи «Гуштини миллӣ»

Имрӯз дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба «Гуштини миллӣ», байни Сарраёсату раёсатҳо, шуъба ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии ВКД, РВКД дар шаҳри Душанбе, ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бахшида ба 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» таҳти шиори «Ҷавонон пайравӣ Пешвои миллат» баргузор гардид.
Варзишгарон аз рӯйи вазнҳои 60, 70, 80, 90, 100 ва беш аз 100 килограмм ба майдон баромада, бо ҳам қувваозмоӣ карданд. Ин мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби доварони шинохтаи ҷумҳурӣ баҳогузорӣ гардид.
Ҳамин тариқ, рақобати гуштингирон дар вазни 60 килограмм баҳогузорӣ шуда, дар вазни 60 кг ҷойи аввал насиби Намозалии Давлаталӣ аз Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, зинаи дуюм ба Фахриддинов С., аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ҷойи сеюми мусобиқаро Шайдоев У., ва Саидаброров Ш., аз Хадамоти шиносномавию ба қайдгирӣ, муваффақ гардиданд.

Дар вазни 70 кг бошад, ҷойи аввалро Раҷабалии Шерхон аз Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, ҷойи дуюмро Юнусов Хисрав аз рёсати мазкур ва зинаи сеюми мусобиқаро Боев И. аз РҚД ва Исмоилов аз ДТММ ба даст оварданд
Дар вазни 80 кг дар зинаи аввал Ҷ. Қурбонов, дар ҷойи дуюм Х., Абдулхайров аз РҚД ва дар ду ҷойи сеюм Шамсов аз раёсати мазкур ва Ҷ. Ғаниев аз РМЗҶМ қарор гирифтанд.
Дар вазни 90 килограмм Исфандиёри Х., соҳиби ҷойи аввал, зинаи дуюмро Раупов А., аз Хадамоти давлатии “Муҳофиза” ва ду ҷойи сеюми мусобиқаро Шомаҳмадов С., аз ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва Абдуллоев Р., аз РВКД дар шаҳри Душанбе ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ дар вазни 100 килограмм, ҷойи аввал насиби Сарфарозов С. аз ДТММ гардида, дар ҷойи дуюмро Шамсов И., аз ХШБ ва ҷойҳои сеюмро бошад, Саидов Ф., аз РВКД дар шаҳри Душанбе ва Файзалии Ҳамрохон аз РҚД соҳиб шуданд.

Дар вазни ниҳоӣ зиёда аз 100 килограмм, ҷойи аввалро намояндаи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ Амирхонов Ш., сазовор гардида, ҷойи дуюмро Тошов А. аз ХД “Муҳофиза” ба даст оварда, ғолиби ҷойи сеюми ин вазн Ҷамолиддини Н., аз ХШБ дониста шуд.
Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тоҷиддин Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика