Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба «Рӯзи Пойтахт»

Имрӯз (15.04.с.2017), дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили «Рӯзи Пойтахт», аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мувофиқа бо Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе дар толору майдончаҳои варзишии Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва боғҳои фарҳангии пойтахт як силсила чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ доир карда шуданд. 

Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Субҳи имрӯз бахшида ба «Рӯзи пойтахт» кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастаҷамъона дар дави умумӣ аз дидбонгоҳи Чорбоғ то гардиши кучаи Карамови пойтахт иштирок намуданд.
Дар ин радиф зиёда аз 150 нафар варзишгарони мақомот дар баробари дигар шаҳрвандон дар «Дави марафони»-и байналмилалӣ аз маҳаллаи Чорбоғ то хиёбони Рӯдакӣ низ фаъолона ширкат варзида, рағбати беандозаи худро ба соҳаи варзиш собит намуданд. 

Дар ин рӯз ҳамчунин, бозии рафиқона аз намуди футбол байни кӯдакону наврасони дастаҳои «Динамо» ва «Спитамен» баргузор гардид. Дар ин бозии рафиқона дастаи футболбозони «Динамо» ғолибиятро ба даст оварда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб баромад.

Дар варзишгоҳи «Спитамен» кӯдакону наврасони мактабҳои миёнаи умумии пойтахт дар майдончаҳои варзишӣ ба бозиҳои волейбол, футболи хурд ва баскетбол машғул гардида, гурўҳи алоҳидаи онҳо ба мусобиқаи давидан ҷалб гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ин муносибат дар ҳавзи шиноварии Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи шиноварӣ дар байни ҷавонони шиновар ва варзишгарон-аъзоёни Шӯрои мазкур баргузор гардид. Дар ин сабқати шиноварӣ дар намуди «тарзи озод» ба масофаи 50 метр миёни наврасон ҷойи аввалро Шоҳиён Сабриддин, ҷойи дуюмро Шоҳрухи Олимҷон ва ҷойи сеюмро Шаҳриёри Аъзам ишғол намуданд. Дар ҳамин намуди сабқат дар байни калонсолон мақоми аввалро Дилшод Ахмедов, ҷойи дуюмро Муҳаммадии Рустам ба даст оварда, зинаи сеюм насиби Алишер Одинаев гардид.
Ғолибони чорабиниҳои варзишӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу Ифтихорномаҳо, Диплом ва Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Қобили қайд аст, рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ бахшида ба «Рӯзи пойтахт», дар мусобиқаи варзишии аз намуди «гӯштини миллӣ», ки дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид, дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ фаъолона иштирок намуданд.
Дар гурӯҳи якум дар вазнҳои 65, 70, 75, 80 кило бо иштироки 16 варзишгар, дар дуюм гуруҳ бошад, дар вазнҳои 90, 100 ва беш аз 100 кило бо теъдоди 12 нафар варзишгарон баромад намуда, дар давр ниҳоӣ аз ҳар гуруҳи вазнҳо бо теъдоди 4 нафарӣ варзишгарони беҳтарин бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар вазни 80 кило Саидҷамол Саидов ҷойи аввал, Беҳрӯз Хоҷазода ҷойи дуюм ва Фирдавс Наимов дар вазни беш аз 80 кило ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Ғолибони ҷойҳои якум бо маблағи пулии 10 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо компютер, маблағи пулӣ ва ҷойҳои сеюм бо телевизори плазмавӣ ва маблағи пулӣ мукофотонида шуданд.
Дар мусобиқаи «Самбои муҳорибавӣ», ки рӯзи 16-уми апрел дар Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин ба ин муносибат доир гардид. Дар ин мусобиқа дастаи Хатлон-1, 2, Суғд-1, 2, шаҳри Душанбе -1,2, ВМКБ, ШНТҶ -1,2,3, Рашт бо теъдоди 275 варзишгар иштирок намуданд.
Варзишгарони аъзои «Динамо» Сафар Маҳмадрасулов дар вазни 90 кило ҷойи аввал ва Сарфароз Сарфарозов дар вазни беш аз 90 кило мақоми дуюмро ба даст оварданд.

Х. Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика