Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи «Муҳорибаи қаҳрамонҳо»

Имрӯз, дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи «Муҳорибаи қаҳрамонҳо» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба самбои муҳорибавии касбӣ (WCSF) бахшида ба «Соли ҷавонон - 2017» оғоз гардид.
Дар ин мусобиқа варзишгарони дастаҳо аз Вазорати мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бо теъдоди наздики 100 нафар ширкат меварзанд.
Чорабинии варзишии мазкур бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва клуби муҳорибавии «Истиқлол» ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Айни замон, варзишгарон мувофиқи вазнҳои худ қувваи бозуи худро дар майдон санҷида, барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан кӯшишу ғайрати худро равона сохтаанд.
Аз даври ниҳоии мусобиқаи «Муҳорибаи қаҳрамонҳо» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба самбои муҳорибавии касбӣ (WCSF) бахшида ба «Соли ҷавонон - 2017», ки баргузории он рӯзи 25-уми март дар назар дошта шудааст, иловатан иттилоъ хоҳем дод.
Х. Солиҳов, Т. Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика