Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойҳои намоёни варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаи Кикбоксинг

3-4-уми марти соли 2017 варзишгарони ҷавону навраси «Динамо» дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди Кикбоксинг, ки дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, фаъолона ширкат варзида, чандин ҷойҳои сазовори мусобиқаро ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфӯз зиёда аз 15 даста бо теъдоди 120 варзишгар иштирок доштанд. Хурсандибахш аст, ки аз 10 нафар дастпарварони ШҶ «Динамо», 7 нафарашон ҷойҳои ғолибиятро ба даст оварданд, аз ҷумла Қурбонов Некрӯз дар вазни 54 кило, Ҳусайнов Манучеҳр дар вазни 51 кило ва Қурбоналӣ Абдуалим дар вазни 57 кило ҷойҳои якум, Файзуллоев Шукрулло дар вазни 54 кило ва Мадуллоев Бахтиёр дар вазни 48 кило ҷойҳои дуюм, Сафархуҷаи Лутфулло ва Абдураҳмонов Эраҷ дар вазни 67 кило ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки варзишгарони номбурда таҳти роҳбарии мураббиён Шоҳиён А.Н. ва Шоев Ф.Ф. мунтазам тамрин намуда, дар мусобиқаҳои шаҳриву сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона баромад мекунанд.
Х. Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика