Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефони «02» - ҳамеша кӯмакрасони мардум

 

Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсияро бо аҳолӣ хеле муҳим шумориданд.
Дар ҳамин асос бо мақсади дар ҳаёт амалӣ намудани талаботи мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари ба дигар самтҳои ҳамкорӣ бо ҷомеа аҳамият додан, ба фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» дар Қисми навбатдории Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳия ва минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ амал менамоянд, ки дар қабули хабару иттилоотҳо дар бораи ҷиноятҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Инчунин, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо телефони қабули хабарҳои таъҷилии «02» (милитсия) амал карда истодаанд.
Албатта дар баробари пайдо шудани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар фаъолияти телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» солҳои гузашта каме душвориҳо ҷой доштанд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилии хизматрасонии алоқа бартараф карда шуданд. Душвориҳо аз он иборат буд, ки шаҳрвандон наметавонистанд, ки аз телефони ҳамроҳи худ якбора рақами «02» гирифта бо «Милитсия» пайваст шаванд. Ҳоло барои алоқа намудан бо телефони «02» аз телефонҳои ширкатҳои «Магафон», «Тсел» рақамҳои 102, аз телефонҳои ширкатҳои «Билайн», «Вавилон мобайл», «Тека мобайл» ва «М-теко» рақамҳои 02 гирифта, ба телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» занг зада мешавад. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, шаҳрвандон ба телефони қабули хабарҳои таъҷилӣ «02» занг зада, аз содиршавии ҷиноятҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо таъҷилан хабар мерасонанд. Қариб аксарияти муроҷиати шаҳрвандон аз рӯи дарки масъулияти қарзи шаҳрвандӣ ба амал бароварда мешаванд.
Дар давоми фаъолияти нимсолаи аввали соли 2014 тариқи телефонҳои қабули хабарҳои таъҷилии «02» дар умум 3914 хабар қабул карда шудааст, ки аз онҳо 3612 хабар зимни санҷишҳо тасдиқи худро ёфта, 302 хабар тасдиқ нагардида, дар 1220 ҳолат санҷиши хабарҳо аз рӯи мӯҳлат давом доранд.
Сари вақт расонидан ва қабул намудани хабарҳо дар бораи содиршавии ҷиноятҳо, ҳодисаву воқеаҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки ба ҷойи ҳодиса таъҷилан гурӯҳҳои оперативӣ-тафтишотӣ фиристода шаванд ва ҷиноятҳо дар гармогармӣ кушода гарданд. Натиҷаи сари вақт занг задан ба телефони «02» аст, ки дар давоми нимсола дар 2431 ҳолат оиди хабарҳои додашуда моҳиятан чораҳои дахлдор андешида шудааст, ки 1492–и онҳо дар бораи ҷиноятҳо мебошанд, ки дар гармогармӣ, яъне дар мӯҳлати то се шабонарӯз кушода шудаанд.
Омӯзиш нишон дод, ки тариқи телефони «02» шаҳрвандон дар 24 ҳолат оиди ҷиноятҳои одамкушӣ, дар 61 ҳолат оиди таҷовуз ба номус, дар 890 ҳолат оиди дуздӣ, дар 753 ҳолат оиди лату кӯб, дар 285 ҳолат оиди бар нагардонидани пули қарз, дар 211 ҳолат оиди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддира, дар 19 ҳолат оиди фуруши ғайриқонунии қитъаи замин ва дар 1514 ҳолат оиди ҳуқуқвайронуниҳои маъмурӣ, аз қабили майдаавбошӣ 1065 ҳолат, риоя накардани тозагӣ 449 ҳолат муроҷиат намудаанд. Инчунин оиди бедарак ғайб задани одамон низ 147 муроҷиат тариқи телефони «02» хабар дода шудааст, ки аз рӯи ҳамаи онҳо чораҳои таъҷилӣ ва дахлдори қонунӣ андешида шуда, аз рӯи ҳар кадоми онҳо қарорҳои зарурӣ қабул шудааст.
Тариқи телефони «02» аз фаъолияти ғайриоинномавии баъзе кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 6 хабар қабул карда шуда, аз рӯи онҳо нисбати 4 нафар кормандон тадбирҳои зарурии интизомӣ андешида шуда, 2 хабар дар вақти санҷиш тасдиқи худро наёфтааст.
Телефони «02» мададрасони аҳли ҷомеа буда, роҳбарияти ВКД ба фаъолияти босамари он доимо аҳамият дода, чораҳои зарурӣ андешида истодааст, ки самаранокии фаъолияти он боз ҳам беҳтар гардад.
Ғуломов Қ.Ҷ., Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия
Матни шарҳи шумо…




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад