Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳодҳои судманд дар ҷаласаи собиқадорон

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти созмон ва аъзои Шӯрои собиқадорон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД, полковники мустаъфӣ Изатулло Шарифов оғоз намуда, аз дастовардҳо, вохӯриву чорабиниҳои гузаронидашудаву фаъолияти имрӯзаи созмон ёдовар шуд.

Мавсуф иброз намуд, ки дар Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ҳазору 164 нафар собиқадору нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ истиқомат доранд. Аз онҳо 12 нафарашон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошанд. Инчунин, 341 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 7 нафар иштирокчии ҷанги Венгрия, 5 нафар иштирокчии ҷанги Чехословакия буда, ҳамчунин, 1538 нафар ҳамсарони кормандоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд, дар қайди Шӯро мебошанд.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон ва сиёсати давлат нисбати собиқадорон", инчунин, талаботи дархостҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба ташвиқу тарғиби каҳрамонон ва корнамоиҳои насли калонсоли мақомоти милитсия нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Баҳри тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба Ватан ва савганд корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Зеро, дар баланд бардоштани омодагии хизматӣ, таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, ташкил намудани вохӯрию суҳбатҳо нақши собиқадорон муҳим мебошад.
Инчунин, дар ҷамъомад зикр гардид, ки аъзои созмони собиқадорон дар корҳои тарбиявии насли ҷавони милитсия ва нисбат ба тақдири ҷомеа бетараф намебошанд, бо ибрати шахсии худ, бо панду насиҳатҳои оқилонаи худ дар кори тарбияю камолоти насли ҷавон фаъолона саҳм мегузоранд.
Дар асоси фармонҳои роҳбарияти ВКД ва нақша-чорабиниҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, инчунин, дар асоси нақша-чорабиниҳои созмон бахшида ба таҷлили идҳои миллӣ ва касбии аъзои созмони собиқадорон дар сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 250 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шудааст. Дар ҳамаи ин вохӯриҳо ва баромадҳо ҷавононро ба ростқавлӣ, ватандӯстӣ, росткорӣ, интизоми баланд дар фаъолияти хизматӣ, даст назадан ба қонуншиканиҳо даъват намуданд. Инчунин, дар ҳар як вохӯрию баромадҳои баргузоргардида оиди каҳрамониҳои насли калонсол баҳри ҳимояи Ватан, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ, садоқат ба савганд ва адои қарзи шаҳрвандӣ суҳбатҳо гузаронида шудаанд.
Дар баробари ин роҳбарият ва аъзои Созмони собиқадорон дар истироҳатгоҳи "Садбарг"-и ВКД бо ҷавонони Бадахшони Кӯҳӣ, бо курсантони Коллеҷи милитсия вохӯрӣ доир намуданд, инчунин, дар маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони ВКД, ки дар назди муҷассамаи ёдгории хотираи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гашт, иштирок карданд.
Полковники мустаъфӣ Шарифов Изатулло дар идомаи ҷаласаи солона гуфт, ки тамоми собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд ва пайваста дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнвораҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорону нафақахӯрони Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаву кӯмакҳои Роҳбари давлат қадрдонӣ мегарданд. Бахусус, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба манзилҳои истиқоматии иштирокчиёни ҶБВ, ки собиқаи зиёди корӣ дар мақомоти корҳои дохилиро доранд, ташриф оварда, аз саломативу зиндагии онҳо бохабар шуда, аз номи Роҳбари давлат ба онҳо туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим намуданд, ки барои ин таваҷҷуҳи роҳбарият собиқадорон арзи сипоси бепоён намуданд. Инчунин, бо дастури Вазири корҳои дохилӣ, манзилҳои истиқоматии собиқадорон Голиков Н.П, Гришин Ф. ва Гордиян П.П аз таъмири пурраи замонавӣ бароварда шуда, бо таҷҳизоти лозимӣ ҷиҳозонида шудаанд ва дар баробари ин зиёда аз 2440 нафар собиқадорону нафақахӯрон кӯмакҳои моливу моддӣ гирифтанд.
Қайд кардан бомаврид аст, ки дар баробари ҳамаи ин дастгириҳо, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба сиҳативу саломатии нафақахӯрон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамеша ғамхори онҳо мебошанд. Дар давоми соли 2015-ум 2633 нафар нафақахӯрон дар Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД табобат гирифтаанд. Инчунин, 106 нафар нафақахӯрон дар осоишгоҳҳои "Садбарг", "Шифо" ва "Сипар"-и ВКД, "Баҳористон", "Уротеппа", "Хаватагӣ ва Ависсити"-и вилояти Суғд, баҳри беҳтар намудани вазъи саломатиашон бо табобат ва истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки то ба имрӯз дар фаъолияти баъзе аз созмонҳои собиқадорон камбудиҳо, аз қабили дуруст ҳуҷҷатгузорӣ ва саривақт маълумотнома ирсол накардан, ташкили нодурусти китобҳои қабулу бақайдгирӣ ва ба таъхир гузоштани тахтаи фахрии собиқадорон ҷой дорад, ки ин камбудиҳо бояд бартараф карда шаванд.
Дар идомаи чаласа аъзои Шӯрои собиқадорон, раисони созмонҳои собиқадорони шаҳру ноҳияҳо аз пешравиву корҳои ба сомон расонидаашон дар давоми соли 2015 маълумот дода, барои пешравии самти фаъолияти созмонҳои собиқадорон дар ҷойҳо пешниҳоду дархост ва фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Аз ҷумла, раиси созмони собиқадорони шаҳри Ваҳдат, полковники мустаъфӣ Олим Исмоилов баромад намуда, қайд кард, ки созмони собиқадорони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат то ба имрӯз тамоми корҳои ба зиммааш гузошташударо пурра ба сомон расонидааст. Дар мактабу ҷамоатҳо бо ҷавонону наврасон вохӯриҳо гузаронида шуданд. Инчунин, Муродалӣ Ғуломов, раиси созмони собиқадорони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз иштироки собиқадорони Академия дар чорабиниҳои баргузоргардидаи ин ниҳод сухан карда, пешниҳод намуд, ки хуб мешуд агар собиқадорони ВКД бо муҳассилин ва омӯзгорони ин даргоҳи маърифат вохӯрӣ менамуданд ва бо фаъолияти созмони собиқадорони Академияи ВКД аз наздик ошно мегардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД, полковники мустаъфӣ Изатулло Шарифов корҳои ба сомон расонидаи созмонҳои собиқадоронро дар маҷмуъ қонеъкунанда арзёбӣ карда, барои иштироки аъзои онҳо дар ҷаласаи солона изҳори сипос намуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад