Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ СОБИҚАДОР

 

Дар арафаи иду ҷашнҳо дар саросари ҷумҳурӣ дар баробари тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, аёдати пирону барҷомондагон ва кӯмакҳои хайриявӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ низ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо фарорасии фасли баҳор ҳамин гуна амалҳои наҷибу некхоҳона зиёд ба мушоҳида мерасанд. Баҳори имсола низ дар замири шахсони саховатманд, аз ҷумла соҳибкорон амалҳои хайрхоҳонаро ҷой намуд.
Майори мустаъфии милитсия Шариф Шарифов, ки солҳои тӯлонӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд фаъолият дошт, алъон ба ҳайси роҳбари ҶДММ "Мунаввара"-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дорад. Ҷамъияти мазкур дар самти ҳифзи саломатӣ ба аҳолӣ хизмат расонида, яке аз муосиртарин марказҳои ташхисию табобатӣ дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Бо таҷҳизоти пешрафтаи муолиҷавию табобатӣ ба мизоҷон хизмат намуда, духтурону кормандони ин муассисаи табобатӣ дар барқарорсозии саломатӣ ва табобати даҳҳо намуд маризиҳо саҳм мегузоранд.
Тасмиме, ки собиқадори мақомоти милитсия Шариф Шарифов ба он иқдом кард, дастгирии оилаҳои камбизоат ва баргузор намудани хатнасури 5 нафар дӯстрӯякон аз оилаҳои ниёзманди кумитаи маҳаллаи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Хуҷанд буд.
Тавре соҳибкор иброз дошт, баргузор намудани тӯйи дастаҷамъона дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат сурат гирифтааст. Дар ҳақиқат аз чеҳраи хандони кӯдакон ва қаноатмандии волидайни онҳо эҳсос мегашт, ки онҳо аз ин иқдоми хайрхоҳона хушҳол мебошанд.
Чорабинии хайрхоҳона бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" дар саҳни бинои маъмурии табобатгоҳ баргузор гардид. Дар баробари аъзои оилаҳои наврасони тӯйшаванда, ҳамчунин намояндагони кумитаи маҳаллаи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Хуҷанд, табибон ва муолиҷагирандагони маркази ташхисию табобатӣ иштирок доштанд.
Ба панҷ нафар кӯдаки тӯйшаванда сару либос ва туҳфаҳои тӯёнаро роҳбари муассиса тақдим намуд. Давоми баргузории чорабинӣ ҳама иштирокчиён хурсандӣ мекарданду аз рӯзгори босаодати муҳити Ватан шукрона мекарданд.
Ташаббуси соҳибкор, собиқадори мақомоти милитсия Ш. Шарифов боиси ифтихор аст. Номбурда, ки дар сафи милитсия обутоб ёфтааст, дарси ҳаёту мардонагӣ ва хислатҳои хайрандешиву накӯкориро низ он ҷо аз худ кардааст. Мусаллам аст, ки ин гуна тӯйи дастаҷамъона метавонад мушкилоти оилаҳои ниёзмандро сабук карда, баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии оилаҳои камбизоат замина гузорад.
Акбар ШАРИФОВ


Add comment

Security code
Refresh



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем.Дар баробари ин, хотиррасон месозам, ки солҳои аввали истиқлолият ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад