Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корномаи марди наҷиб

 

Абдуманнон Ғозиев 24 сентябри соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) супорида, ин муаcсисаи олии кишварро бомуваффақият хатм намудааст. Мавсуф баъди хатм бо ҳидоят ва роҳнамоии донишгоҳ фаъолияти кориашро дар Вазорати корҳои дохилӣ оғоз менамояд.
Роҳбарияти онвақтаи ВКД донишу маҳорат ва одобу ҷаҳонбинии Абдуманнон Ғозиевро мақбул дониста, соли 1973 ӯро муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин менамоянд. Номбурда дар муддати на чандон тӯлонӣ, аниқтараш пас аз гузашти панҷ-шаш моҳ зимни ифои вазифаи мазкур тавонист маҳорату кордонӣ ва масъулияти баланди хизматиашро нисбат ба иҷрои вазифаҳои ба зимма доштааш исбот намояд. Маҳз чунин хислатҳои поккориву садоқатмандии Абдуманнон Ғозиев нисбат ба пешаи интихобнамудааш буд, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ӯро барои такмили ихтисос ба муддати 3 моҳ ба Мактаби олии милитсияи ИҶШС, воқеъ дар шаҳри Волгоград сафарбар намуданд.
Пас аз андӯхтани донишу маҳорати касбӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба нозукиҳои фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дар Мактаби олии милитсияи шаҳри Волгоград ба Ватан баргашта, фаъолияти хизматиашро дар вазифаи муфаттиши ШКД-и шаҳри Хуҷанд идома дода, то ба вазифаи сардори шуъбачаи тафтишотии ин шуъба расид. Баъди чанд моҳи фаъолияти бенуқсон дар вазифаи сардори шуъбачаи тафтишотӣ, ин маротиба роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ӯро ба вазифаи сардори шуъбачаи милитсияи шаҳраки "Соҳили рост"-и ШКД-и шаҳри Хуҷанд таъин намуданд. Зимни иҷрои вазифаи мазкур тавонист маҳорати роҳбариашро нишон дода, шахсан дар кушодашавии чандин ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин иштирок намояд. Ба андешаи мо, шояд мактаби сарвариро маҳз аз ҳамин вазифа омӯхта бошад, ки дар оянда ӯро то ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоӣ кардааст.
Абдуманнон Ғозиев лаёқату кордонӣ ва маҳорати корбарӣ бо зердастонро чунон ба роҳ монда буд, ки баъдан вазифаҳои аз ин ҳам баландтарро сазовори ӯ донистаанд. Пас аз чанд соли фаъолият дар вазифаи сардори шуъбачаи милитсияи шаҳраки "Соҳили рост", ӯро бо пешниҳоди онвақта сардори шуъбаи корҳои дохилӣ ба вазифаи сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Хуҷанд таъин менамоянд.
Бино ба иттилои шогирдони мавсуф, дар муддати начандон тӯлоние, ки Абдуманнон Ғозиев дар ин вазифа фаъолият намуд, кормандони бахши оперативии шуъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои назарраси хизматӣ ноил гардиданд. Он замон дар ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла: одамкушӣ, кушторҳои солҳои пеш, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, дуздиҳои силсилавӣ, боздошти ҷиноятпешагони дар кофтуковбуда ва даҳҳо дигар намуд кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳми кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Абдуманнон Ғозиев назаррас будааст.
Баъди ноил гадидан ба чунин дастовардҳои шоёни хизматӣ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии кишвар ӯро лоиқи вазифаи муовини сардори ШКД-и шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои оперативӣ дониста, ба ин вазифаи пурмасъул таъин менамоянд. Акнун Абдуманнон Ғозиев мебоист чун пештара корро дар ҳамаи самтҳои оперативӣ ҷоннок намуда, сазовори боварии онвақта Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бино ба иттилои номбурда, ки худ дастпарвари мактаби милитсияи шаҳри Хуҷанд буд ва тӯли чанд соле, ки дар ин мақомоти қудратӣ фаъолият намуд, барояш дар ҳамаи самтҳо ягон мушкилӣ эҷод намегардид. Сарбаландона аз тамоми уҳдадориҳои дар наздаш гузошташуда мебаромад. Кормандонаш аз шеваи коргузорӣ ва роҳбарии Абдуманнон Ғозиев ризоят доштанд ва ҳамеша ӯро устоди пешаи хеш меҳисобанд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авзои сиёсӣ муташанниҷ гардид. Пайдо гардидани гурӯҳҳои бадхоҳи ҷудоипазир фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро, ки ҳамчун мақомоти таъминкунандаи амнияту субот ва сулҳу оромӣ дар кишвари соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт, дучанд намуд. Маҳз дар ҳамин солҳои вазнин, яъне соли 1992 роҳбарии шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ба зиммаи Абдуманнон Ғозиев вогузошта мешавад. Дар он лаҳзаҳои вазнин, ки аллакай ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва давлату миллат дар вартаи нестшавӣ қарор доштанд, роҳбарии як бахши муҳими милитсияи вилоятро ба уҳда дошта, дар таъмини сулҳ ва оромии ҷомеаи навбунёд саҳми хешро гузоштааст. Дар ин муддат кормандони хадамоту бахшҳои кофтукови ҷиноӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти роҳбарии Абдуманнон Ғозиев дар натиҷаи фаъолияти оперативии босамарона ва ба роҳ мондани коркардҳои оперативӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят пеши роҳи пайдошавии гурӯҳҳои ҷудоипазирро дар ҳудуди вилоят пурра гирифта тавонистанд.
Малакаи кордониву роҳбарӣ дар оянда ӯро ба вазифаҳои баландтару дар навбати худ пурмасъул пешбарӣ намуд. Баъдан дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд оиди кор бо ҳайати шахсӣ, муовини сардори раёсати номбурда оид ба корҳои оперативӣ ва муовини аввали сардори РКД-и ин вилоят фаъолияти босамар ва бенуқсон бурдааст. Зимни иҷрои вазифаҳои мазкур дар сафарбарнамоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят ба пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар, ки дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор доштанд, саҳмгузор гардида, дар таъмину оромии қисмати шимолии мамлакат ва тайёр намудани кадрҳои ботаҷриба дар мақомоти милитсия нақши асосӣ дорад.
Ниҳоят, дар навбати худ роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД ба хотири садоқатмандӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятнокӣ ва поквиҷдонӣ соли 1996 Абдуманнон Ғозиевро ба вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъин намуданд.
Дар он айёми баъдиҷангӣ роҳбарии яке аз мақомотҳои бонуфузи кишвар дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ масъулияти хоссаро талаб менамуд, зеро маҳвсозии гурӯҳҳои ҷудоипазир ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои муташаккилона ба дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд.
Дар ин лаҳзаҳо мақомоти корҳои дохилии вилоят бо роҳбарии полковники милитсия Абдуманнон Ғозиев тавонист, то дар пешгирии чандин ҷинояти вазнини муташаккилона, ҷудоихоҳӣ, бандитизм, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, муайян намудан ва аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мушарраф гардад.
Маҳз ҳамин хизматҳои шоёни Абдуманнон Ғозиевро роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба инобат гирифта, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8 феврали соли 1997 ӯро бо рутбаи махсуси генерал-майори милитсия қадршиносӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ин ҳангом бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳрамони нигоштаҳои мо ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бино ба иттилои номбурда, тӯли 9 соле, ки дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилӣ фаъолият бурдааст, роҳбарии чандин амалиётҳои нобудсозии гурӯҳҳои исёнгар, душманони сохти конститутсионӣ дар минтақаҳои даргири кишвар - Ваҳдат, водии Рашт, Шаҳритузу Қубодиёнро ба уҳда дошта, сарбаландона иҷрои онҳоро таъмин намудааст.
Собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори мустаъфии милитсия Абдуманнон Ғозиев махсусан зимни безараргардонии дастаҳои муташаккили ҷинояткори Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов ва Маҳмуд Худойбердиев ҳиссаи сазовор гузоштааст. Барои саҳми арзанда дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон меҳнату заҳматҳои ин марди наҷиб аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат ва ВКД бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадр карда шудааст.
Имрӯзҳо аксари шогирдоне, ки аз мактаби касбии Абдуманнон Ғозиев таҷриба андӯхтаанд, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, рутбаҳои баландро соҳиб шудаанд.
Охирин вазифае, ки дар сафи милитсия генерал-майори мустаъфӣ Абдуманнон Ғозиев ба уҳда дошт, Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ буд. Собиқаи бенуқсони 35-солаи корӣ дар мақомот ӯро соҳибэътибор ва обрӯманд гардонид.
Айни ҳол генерал-майори мустаъфӣ Абдуманнон Ғозиев дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Падари се фарзанд ва ҳашт набера мебошад. Фарзанди хурдии ӯ Рустам Ғозиев ҳамчун пайрави падар дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад.
Қаҳрамони мо дар нафақа бошад ҳам, ба мақомот робитаи зич дошта, дар чорабиниҳо ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок менамояд. Ӯ барои кормандони феълии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун роҳнамо хизмати худро дареғ надошта, дар пешравии кори милитсия саҳми босазо мегузорад.
Зиндагиномаи Абдуманнон Ғозиев басо рангину пурпечутоб буда, сафҳаҳои он бо корнамоию ҷавонмардӣ, ватандӯстию фидокорӣ ва ҳақҷӯию ростқавлӣ муназзам гардида, фазилатҳои хуби инсонии ин родмарди шуҷоъ, хизматҳои фидокорона ва боризи ӯ намунаест барои насли ҷавони милитсия.
Ин шоҳбайти бузургонро маҳз ба хотири инсонҳое амсоли устод, собиқадор, роҳнамо, генерал-майори мустаъфии милитсия ва марди наҷибу хоксор Абдуманнон Ғозиев метавон изҳор кард:
Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Акбар ШАРИФОВ, Муҳсин ЮСУПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад