Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсия

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни 
мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

 

Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати бисту як сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад.

Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи якҷоя аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад. 

Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо - кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзу намоям.

Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд. 

Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд. 

Махсусан таъкид карданиам, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.

Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд. 

Дар ин ҷода мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз қувваҳои ҷинояткор фидокорона дар набард шуданд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд. 

Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ бараъло эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамуданд. 

Дар он солҳои мудҳиш даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо мақсади ҳар лаҳза халалдор намудани вазъи ҷамъиятӣ ҳамарӯза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирии одамон даст мезаданд ва ба дили сокинони кишвар даҳшат меафканданд. 

Дар ҷомеа падидаҳои нави ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон, экстремизми динӣ, ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти кормандони мақомоти милитсияро боз ҳам вазнинтар мегардонданд. 

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. 

Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ азму талош ва ҷонбозиҳо намуда, ҳангоми иҷрои вазифа зиёда аз 2000 нафари онҳо ҷони худро аз даст доданд. 

Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии шумо - кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомот тадбирҳои муассир меандешад.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлатӣ мунтазам афзуда, музди меҳнати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қариб 30 баробар ва иловапулӣ барои рутбаи кормандони милитсия 33 баробар зиёд карда шуд. 

Дар ин муддат садҳо нафар ва танҳо ҳамин сол беш аз сад нафар кормандони милитсия бо хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замин таъмин карда шуда, зиёда аз 140 бинои маъмурӣ ва иншооти Вазорати корҳои дохилӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардид. 

Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион сомонӣ барои эҳтиёҷоти мақомоти корҳои дохилӣ нақлиёту техникаи махсус, яроқу аслиҳа ва воситаҳои махсуси хизматӣ харидорӣ гардида, барои мукофотонидани ҳайати шахсӣ беш аз 22 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. 

Ба истифода додани Маҷмааи госпитали муосир, ки барои сохтмону таҷҳизонидани он аз буҷети давлатӣ зиёда аз 7 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, боиси қайд аст. 

Барои хизмати содиқона ва ҷасорату корнамоӣ танҳо дар панҷ соли охир 19 нафар кормандони мақомот ба рутбаи генералӣ ва 116 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд. 

Мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ҳар сол даҳҳо нафар аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманди тоҷик барои таҳсил ба донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ равон карда мешаванд. Танҳо дар соли ҷорӣ 43 нафар ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода шуданд. Ҳамчунин беш аз 70 нафар кормандони мақомот дар аспирантура ва докторантура таҳсил намуда, соҳиби унвонҳои гуногуни илмӣ гаштанд.

Вазорати корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. 

Бинобар ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии мустақим дорад. 

Пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти шумо ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиатон робитаи бевосита дорад. 

Зеро маҳз шумо дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доред ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро ҳифз менамоед. 

Дар ин радиф фаромӯш набояд кард, ки мардум ба фаъолияти Ҳукумат аз ҷумла аз рӯи масъулиятшиносии ҳар кадоми шумо дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд.

 

Дӯстони азиз!

Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳама давру замон яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти милитсия ба шумор мерафт. 

Мо тамоми заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории мақомоти милитсияро бо дигар мақомоти давлатӣ ва ҷалби шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муҳайё намудаем. 

Тоҷикистон дар фарҷоми асри бистум ба эъмори давлати демократӣ, ҳукуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иқдом намуд. 

То ба имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа равандҳои куллӣ ба назар расида, таҳаввулоти бунёдӣ тамоми сохторҳои давлати Тоҷикистонро фаро гирифтаанд.

Ҳалли амалии вазифаҳои дар назди давлати Тоҷикистон қарордошта бе таҳқиқи амиқу ҳамаҷониба ва бе дарки асосноки моҳият ва равандҳои куллии инкишофи ниҳодҳои асосии давлатӣ аз имкон берун аст. 

Масъалаи идоракунии давлат барои мақомоти корҳои дохилӣ мақоми хосаро муқаррар намудааст.

Фаъолияти мақомоти милитсия дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд моҳияти дигар касб менамояд. 

Чораҳои ҷазодиҳӣ дар аксарияти мавридҳо ҷойи худро ба вазифаҳои таъмини тартибот ва амнияти ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, инчунин ба аҳолӣ расонидани хизматҳои иҷтимоӣ медиҳанд. 

Бо дарназардошти ин, мақомоти милитсияро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва маҳорату малакаи касбӣ, сатҳи саводу маърифатнокӣ ва дониши ҳуқуқӣ, инчунин маданияти касбии кормандони худ таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир намоянд. 

Аз ин рӯ, омӯхтани таҷрибаи кори милитсия дар давлатҳои пешрафтаи демократӣ нафақат аҳамияти назариявӣ, балки инчунин дар кори татбиқ намудани шаклу усулҳои нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аҳамияти муҳими амалӣ дорад.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ва тасдиқи санадҳои зериқонунӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои мақомоти милитсия заминаи қонунӣ фароҳам оварда шуд, ки ин самти фаъолияти худро бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон амалӣ намоянд. 

Илова бар ин, ташаббусҳои тозаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар заминаи он қабул гардидани Фармони Президенти мамлакат аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ба такмили заминаҳои ташкиливу инфрасохтории соҳа мусоидат намуд. 

Қаблан супориш дода будам, ки нақши нозирони минтақавӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ баланд бардошта шуда, вобаста ба он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои фаъолияти муназзами онҳо тамоми шароитро муҳайё намоянд. 

Вале раванди иҷрои корҳо дар ин самти муҳими фаъолияти мақомот то ҳануз ҷавобгӯи талаботи замони муосир нест. 

Содиршавии ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ба тариқи фаврӣ ошкор нагардидани онҳо низ натиҷаи фаъолияти начандон хуби баъзе нозирони минтақавӣ мебошад. 

Аз ин рӯ, ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ фаъолияти тамоми нозирони минтақавиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин ҷараёни иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин самти фаъолият мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, аз натиҷаи он бо андешидани чораҳои зарурӣ барои такмили ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал манзур намояд.

Ҳамзамон бо ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати татбиқи босамари фармони зикршудаи Президенти кишвар ва овардани шароити мусоиди хизмат барои нозирони минтақавӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ! 

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла терроризм, эктремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ барои ҳар як кишвар вазифаи муҳим мебошад. 

Давлат маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бар зидди чунин зуҳуроти нангин мубориза бурда, барои тамоми мардум ҳаёти осоишта, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳо ва тартиботи комили қонуниро кафолат медиҳад. 

Тавассути амалӣ намудани амалиётҳои густурда ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсади муҳим дар давоми даҳ соли охир 131 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ муайян, дастгир ва безарар карда шудааст. 

Дар ин давра зиёда аз 115 ҳазор ҷиноят ошкор карда шудааст, ки 40 ҳазори онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. 

Илова бар ин, аз 47 амали террористӣ ва тахрибкории содиршуда 17 амал бевосита аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст. 

Аз лаҳзаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», яъне аз соли 2005 то имрӯз қариб се ҳазор ҷинояти ба хариду фурӯши одамон алоқаманд ошкор ва ҷинояткорон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. 

Бо ошкор намудани қариб панҷ ҳазор ҷиноят дар давоми панҷ соли охир вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб панҷоҳ тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки зиёда аз нисфи он натиҷаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. 

Дар баробари дастовардҳо дар масъалаи мубориза бо ҷинояткорӣ бояд гуфт, ки ҳолатҳои нокушода мондани ҷиноятҳо то ҳанӯз мавҷуданд. 

Инчунин то ба ҳол ҳолатҳои содиркунии ҷиноятҳо аз ҷониби баъзе кормандони мақомоти милитсия аз байн нарафтааст. 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 53 ҷиноят содир карда шудааст, ки қисми зиёди онро ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳад. 

Ҳолати мазкур ба ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хос буда, дар ин замина супориш дода мешавад, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати баланд бардоштани савия ва дониши касбии кормандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тоза намудани сафҳои мақомот аз шахсони тасодуфӣ ва аз нигоҳи рӯҳӣ ноустувор тадбирҳои пайвастаро амалӣ намоянд. 

Таъкид месозам, ки мақомот дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ ҳуқуқи маънавии як лаҳза хотирҷамъ буданро надорад.

Баръакс, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мақомоти корҳои дохилиро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо дарки амиқи масъулияти касбӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ бо ҷинояткорӣ муборизаи оштинопазир баранд.

Фаромӯш набояд кард, ки ҷинояткории замони муосир хусусиятҳои нав касб намуда, ҷинояткорон бо мақсади расидан ба ҳадафи худ аз усулҳо ва техникаву технологияҳои пешрафта истифода менамоянд. 

Олами ҷиноӣ аз ҳар як ҳолати фориғболии мақомот истифода намуда, кӯшиши зарба задан ба низоми давлатдорӣ ва ба ин васила халадор сохтани ҳаёти осоиштаи кишварро мекунанд. 

Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки ҷиноятҳои террористӣ дар ҳама давру замон ба муқобили асосҳои давлатдорӣ равона шуда, бо мақсади ба вуҷуд овардани муҳити тарсу ҳарос ва халалдор сохтани суботи сиёсиву иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд. 

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки фаъолияти воҳидҳои дахлдори худро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ беш аз пеш тақвият бахшанд. 

Инчунин, минбаъд нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба бемасъулиятӣ роҳ медиҳанд, чораҳои қатъӣ андешанд.

Бо мақсади аз аҳолӣ гирифтани яроқ ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ ҳанӯз соли 1994 фармони махсуси Роҳбари давлат ба тасвиб расида буд, ки дар асоси он то имрӯз зиёда аз 35 ҳазор мил яроқ ва дигар намудҳои аслиҳаи ғайриқонунӣ гирифта шудааст.

Вале таҳлилҳо ва воқеаҳои дар солҳои охир рухдода нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша яроқу лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. 

Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа ҷиҳати гирифтани яроқи ғайриқонунӣ чораҳои иловагии зарурӣ андешанд. 

Ҳозирини гиромӣ!

Борҳо таваҷҷӯҳи шуморо ба яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти милитсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар пинҳон намудани ҷиноятҳо зоҳир мегардад, ҷалб намуда будам. 

Ба хотири танзими ин самти фаъолият Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ тартиби пешбурди баҳисобгирӣ, қайди ягонаи ҷиноятҳо ва шахсони ҷиноят содиркардаро тасдиқ кардааст, вале тибқи таҳлилҳо ин масъала то ҳанӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. 

Бинобар ин, зарур шуморида мешавад, ки маҷмӯи чораҳои идориву ташкилӣ дар бобати тағйир додани меъёрҳои арзёбии фаъолияти милитсия, дастрас будани он ба шаҳрвандон, инчунин куллан такмил додани низоми муайянкунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо таҳия ва татбиқ карда шаванд. 

Низоми давлатии муайянкунӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳо бояд дар заминаҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ ташкил гардида, тамоми маълумот доир ба зуҳуроти ҷиноятӣ дар интиқолдиҳандаҳои электронӣ ҷойгир ва ба шабакаи автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ирсол карда шавад. 

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ инкишофи босуръати технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷиддӣ эҳсос гардида, истифода ва татбиқи васеи онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа талаби замон ба шумор меравад. 

Дар баробари мақсаднок ва ба манфиати умум равона гардидани натиҷаҳои илми мусоир чунин васоит метавонад аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша барои ноил гардидан ба мақсадҳои харобкорона истифода шавад. 

Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет васеъ истифода менамоянд. 

Дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ васила ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд карданӣ нест. 

Вале дар баробари ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ доир ба пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо тавассути интернет чораҳои муассирро амалӣ намоянд. 

Аз ин рӯ, ба Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти дахлдор масъалаи ташкили бахши алоҳидаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотиро дар сохтори вазорат мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намояд. 

Маълум аст, ки раванду ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки дар байни онҳо ашхоси аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият бештар мебошанд, такя менамоянд. 

Дар Паёми имсолаи худ ба парламенти кишвар вазъи қонунвайронкунӣ дар байни ҷавонон, махсусан ноболиғонро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, супоришҳои дахлдор дода будам. 

Аммо вазъияти имрӯза дар ин самт ҳоло низ ташвишовар боқӣ мемонад. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷинояткорӣ дар самти мазкур 26,4 фоиз афзудааст, ки ин ҳолат гувоҳи нокифоя будани корҳои пешгирикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия мебошад. 

То ҳанӯз як низоми махсуси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, ки тавонад дар шуури наврасону ҷавонон эҳтиром ба қонун ва арзишҳои муқаддаси миллиро ҷойгир намояд, таҳия нашудааст ва шароити аслии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон низ муайян нагардидааст. 

Аз ин хотир, ба мақомоти прокуратура супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилӣ тамоми ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо дар давоми се соли охир содиршударо мавриди омӯзиш қарор дода, шароити ба содиршавии чунин аъмоли номатлуб мусоидаткунандаро муайян намоянд ва ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт низоми махсуси татбиқи чораҳои пешгирӣ ё дигар чораҳои судмандро таҳия ва пешниҳод намоянд. 

Дӯстони азиз!

Зикр кардан бамаврид аст, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои васеъ дода шуда, дар айни замон нисбат ба ҳар як корманди он талаботи ҷиддӣ муқаррар карда шудааст. 

Ҳеҷ кас мисли шумо дар ҷабҳаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чунин ваколат надорад ва ҳеҷ яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисли шумо бо халқ наздик нест. 

Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул намудааст. 

Бо дарназардошти ин нуктаи муҳим ҳар як корманди милитсия бояд амиқан дарк намояд, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд. 

Бинобар ин, онҳо вазифадоранд, ки ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар маркази фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд. 

Зеро ҷинояткориро танҳо дар ҳолате коҳиш додан мумкин аст, ки беэҳтиромӣ ба қонун ва беэътиноӣ ба ҳуқуқ дар маҷмӯъ аз байн бурда шуда, риояи ҳатмии тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун рафтору кирдори табиӣ ба шуури мардум ворид карда шавад. 

Дар ин замина, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус милитсия бояд худашон намунаи ибрат бошанд. 

Дар ҷомеаи демократӣ риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ намудани фаъолияти онҳо аз ҷониби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баҳогузорӣ карда мешавад. 

Вобаста ба ин, мехоҳам оид ба баъзе ҳолатҳои мавҷудаи вобаста ба шиканҷа, ки ҷомеаи мутамаддин онро маҳкум мекунад, ибрози ақида намоям. 

Бояд гуфт, ки сиёсати Ҳукумати кишвари мо дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои нораво зимни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ комилан ташаккул ёфтааст. 

Ҳатто соли ҷорӣ бо ворид намудани иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ нисбат ба шахсони ба шиканҷа роҳдода ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шуд. 

Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад. 

Бинобар ин, ба роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати огоҳии пурраи кормандон аз талаботи қонунгузории ҷорӣ ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзиширо тақвият бахшида, доир ба ҳар як ҳолати қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот қарорҳои қатъӣ қабул намоянд.

Амалигардонии самтҳои алоҳидаи сиёсати давлатӣ танҳо дар он ҳолат самараи нек медиҳад, ки фаъолияти мақомоти татбиқкунандаи сиёсат батадриҷ ва бо дарназардошти тағйир ёфтани шароит такмил дода шавад. 

Аз ин лиҳоз, дар асоси пешниҳоду хулосаҳои мақомоти корҳои дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистон ба сохтори ташкиливу штатии вазорат тағйироту иловаҳо ворид намуд. 

Бо вуҷуди ин, имрӯз сохтори таркибии Вазорати корҳои дохилӣ ба тағйироти ҷиддӣ ниёз дошта, дар ин замина бояд ба мустаҳкам намудани зинаҳои поёнии мақомот диққати махсус дода шавад. 

Ҳамчунин зарур аст, ки сохтори марказии вазорат мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои такроршавии вазифаҳо ва ба эътидол овардани сохтори воҳидҳои таркибии мақомот чораҳои дахлдор андешида шаванд. 

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин густариши ҳамкории мақомот бо ҷомеа зимни Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуда будам, ки Барномаи ислоҳоти милитсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия ва пешниҳод карда шавад. 

Фикр мекунам, ки лоиҳаи барномаи ислоҳоти милитсия бояд бо гузаронидани таҳлили фарогир ва омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми масъалаҳои ҷойдошта аз нигоҳи касбӣ ва мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ таҳия ва пешниҳод карда мешавад. 

Вале хотиррасон месозам, ки ислоҳоти мақомоти милитсия кори саҳлу осон нест ва дар ҷараёни таҳия ва татбиқи он мо ҳуқуқи ба инобат нагирифтани оқибатҳои эҳтимолии ислоҳотро надорем. 

Дар ин раванд истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ ва имкониятҳои ниҳодҳои ҷамъиятӣ ба манфиати кор хоҳад буд. 

Илова бар ин, мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки лоиҳаи барномаи мазкур бояд усулҳои татбиқи чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти ин мақомоти барои давлату ҷомеа зарурӣ, бартарафсозии такроршавии вазифа ва функсияҳо, такмили сохтор ва умуман ислоҳоти маҷмӯии мақомоти милитсияро дар бар гирад. 

Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд. 

Бо мақсади таҳия ва татбиқи амалии ислоҳот ба таври куллӣ баланд бардоштани омодагии касбии кормандони милитсия дар заминаи арзишҳои демократӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон бениҳоят зарур мебошад. 

Аз ин сабаб низоми таълим дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва умуман барои кормандони мақомот бояд ҷиддан тағйир дода шавад. 

Дар иртибот ба тасмими Ҳукумат ҷиҳати ислоҳоти милитсия рафтори намунавии кормандони мақомот, ки савганди касбӣ ёд кардаанд ва тибқи таъиноти худ барои ҳимояи давлату ҷомеа аз унсурҳои ҷинояткор вазифадор шудаанд, аҳамияти хоса дорад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки дар сафҳои милитсия бояд шахсони салоҳиятноку масъулиятшинос, ватандӯсту ватанпарвар ва аз лиҳози ахлоқиву маънавӣ тозаву поквиҷдон хизмат намоянд.

Дар ин раванд, ҳамчунин зарур мешуморам, ки дар самти пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ба ӯҳдаи онҳо вогузор шудааст, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд. 

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба талабот ва вазъи имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ буда, корманди милитсия имконияти воқеии моҳирона истифода намудан аз тамоми воситаҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти пешқадами техникиро дошта бошад, ҳамеша интизоми баланди хизматиро нигоҳ дорад ва малакаву маҳорати касбии худро пайваста такмил диҳад. 

Бо дарназардошти он, ки милитсия яке аз рукнҳои асосии механизми давлатдорӣ ба шумор меравад, бояд пеш аз ҳама такмили раванди тарбияи кадрҳои баландихтисос, таҳкими фаъолияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар мубориза барои ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳамчун самтҳои асосии фаъолияти ин мақомот баррасӣ карда шавад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки анҷом додани таҳқиқоти назариявӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва асосҳои фаъолияти милитсия ҳамчун рукни ҷудонопазири давлати муосири демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки шумо огоҳед, мардуми сарбаланди тоҷик дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ қарор доранд. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ мо тавонистем ҷомеаи худро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун созем, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз шикаст эмин нигоҳ дошта, ба марҳалаи бунёдкориву созандагӣ оғоз бахшем. 

Дар муҳити босубот, вазъияти ором ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ баргузор намудани ин чорабиниҳо ва татбиқи нақшаҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки ба нафъи халқи тоҷик равона шудаанд, аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти самарабахши ҳар кадоми шумо - кормандони милитсия вобаста мебошад. 

Аз ин лиҳоз, масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати тақвияти самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, таҳкими иқтидори кадрии он, таъминоти моддиву техникӣ ва такмили сохтори вазорат минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ созанд. 

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар таъмини суботи ҷомеа, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷинояткорӣ ва пешгирии онҳо дар маҷмӯъ мусбат арзёбӣ мегардад.

Ман ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдонӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми шумо бовар дорам ва мутмаинам, ки минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлату халқи Тоҷикистон дар назди шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед. 

Доимо дар хотир дошта бошед, ки шумо симо ва оинаи давлат ҳастед ва халқ ба шумо аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки ба ин боварӣ сазовор бошед.

Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшед ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед.

Бори дигар ҳамаи шуморо бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулиятатон ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистони азиз муваффақият орзу менамоям. 

Ҳамеша хонаободу сарбаланд бошед!




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад