Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ

 

Бо фармоиши ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «17» феврали соли 2017,
№ 19 б/з тасдиқ шудааст. 


КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст.
2. Амали Кодекси мазкур ба тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки мансаби давлатиро мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамоянд, паҳн мегардад.

2. Принсипҳои асосии одоби касбии кормандони милитсия

3. Одоби корманди милитсия ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният - риояи дақиқ ва иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- шаффофияти фаъолият - дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ошкоро ба роҳ мондан ва ба аҳолӣ расонидани фаъолияти кормандон ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад;
- таҳаммулпазирӣ - эҳтироми фарҳанги бойи мухталифи ҷаҳони муосир, босаброна муносибат кардан бо тарзҳои гуногун, рафтор, одат, эҳсос, ақида, ғоя, динҳо, инчунин дар муомила бо пиронсолон ва дигар табақаи осебпазири аҳолӣ зоҳир намудани раҳмдилӣ;
- поквиҷдонӣ ва беғаразӣ;
- ҷиддият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
- эҳтиром ва кӯмакрасонӣ;
- яккасардорӣ ва муттамарказии идоракунии он;
- касбият ва салоҳиятнокии корманд - доштани донишҳои мушаххаси касбӣ, тахассус, маҳорат, малака ва таҷриба, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ боиси муваффақият мегарданд;
- кордонӣ ва ҳисоботдиҳанда будани корманд - доштани сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва бо тартиби пешбининамудаи ӯҳдадориҳои мансабӣ, оид ба натиҷаҳои фаъолият додани ҳисобот ба роҳбари бевосита.
4. Кодекси мазкур ба принсипҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи рафтор низ асос меёбад.

3.Қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманд

5. Дар фаъолияти хизматии худ корманди милитсия вазифадор аст:
- адолатнок амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ корманд ҳуқуқ надорад, ки бо назардошти миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ба шахсе, ки хилофи қонунгузорӣ амал намудааст, бартарият ва имтиёз диҳад;
- ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд;
- ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, донишҳои худро дар сатҳи мувофиқ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигоҳ дорад, забони давлатиро донад;
- фаъолияти касбии худро дар доираи салоҳияти мақомот ҳамон тавр амалӣ намояд, ки ба қобилияти ӯ шубҳа пайдо нашавад, бовиҷдонона ва беғаразона кор карда, ба шаъну шараф ва обрую эътибори корманд иснод наоварад;
- танҳо воситаҳои қонунӣ ва одоби пешравиро дар хизмат истифода барад;
- набояд рафтори хатарноки коррупсионӣ зоҳир намояд ва ӯҳдадор аст, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ба зуҳуроти маҳалчигӣ, хешутаборӣ, маҳбуб донистан ва таъиноти кадрҳо аз рӯи аломати садоқатмандии шахсӣ роҳ надиҳад;
- дар муносибат бо шаҳрвандон, ҳамкасбон ва намояндагони дигар ташкилотҳо бояд хушмуомила, бодиққат ва бо эҳтиром бошад;
- дар коллектив бояд меъёрҳои одоби хизматӣ, касбӣ ва қоидаҳои рафтори кориро риоя карда, ба муносибатҳои кории тарафайн ва ҳамкориҳои судманд бо мақсади фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд;
- дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият намуда истода, барои кормандони зертобеъ аз ҳама ҷиҳат намунаи ибрат бошад, вазъи мусоиди корӣ ва фазои солими ахлоқиро таъмин намояд;
- барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ӯ дохил намешавад, кӯшиш нанамояд;
- сирри давлатӣ ва хизматиро махфӣ нигоҳ дорад, иттилооти нопурра ва дурӯғро паҳн нанамояд;
- ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма оид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақомоти корҳои дохилӣ бо эҳтиром муносибат карда, барои гирифтани иттилооти дуруст, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, ба онҳо кӯмак расонад;
- аз таъсири шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ мустақил бошад, ба истиснои созмонҳои ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилӣ;
- ҷиҳати ба танзим даровардани ҳолатҳои пайдо шудани бархурди манфиатҳо чораҳои пешбининамудаи қонунро андешида, ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молу мулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо алоқаманд мебошанд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани уҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд;
- ба амалҳои коррупсионӣ муқовимат намояд ва ҷиҳати рафъи онҳо тадбирҳо андешад, ба гирифтани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои иҷрои вазифаҳои (уҳдадориҳои) мансабии худ дар шакли моддӣ (пул ва дигар ашёҳо) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ), ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, роҳ надиҳад;
- ба роҳбари худ дар бораи муроҷиати ин ё он шахс бо мақсади моил кардани ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ маълумот диҳад, аз иштирок дар амале, ки беғаразии ӯ зери шубҳа қарор мегирад ё аз ҷой доштани ҳолатҳое, ки бевосита ё бавосита аз манфиатдор будани ӯ дар амали ғайриқонунӣ гувоҳӣ медиҳад, даст кашад;
- вазифаи хизматии худро барои таъсир расонидан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон истифода набурда, дар баррасии масъалаҳо оид ба ҳалли аҳдҳо ва вазъияти ихтилофнок, ки ба амали хизматии ӯ мутобиқат намекунад, иштирок нанамояд;
- корманд бояд ҳаракат, ҳиссиёт ва эҳсосоти худро зери назорати қатъӣ қарор дода, бо ҳусни таваҷҷӯҳ ё нафрат, душманӣ, ҳиссиёти дӯстии шахсӣ дар қабули қарорҳои хизматӣ таъсир нарасонад, натиҷаи ҳаракат ва рафтори худро пешбинӣ карда тавонад, дар муомила бо ҳамкасбон хоксор бошад, аз муваффақиятҳои ҳамкасбонаш сидқан шод шуда тавонад ва дар иҷрои супоришҳои мушкил, ки ба онҳо дода шудааст, мусоидат намояд, ба худситоӣ, лофзанӣ, ҳасад ва бадхоҳӣ таҳаммулпазир бошад, корманд-мард нисбат ба занҳо ҷавонмардӣ ва таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд, дар хизмат ва ҳаёти ҳамарӯза бо илтифот (хушмуомила, дидадаро) ва бо одоб бошад;
- корманде, ки дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ лексикони ҷиноятиро омӯхтааст, набояд забони махсус ва аломатҳои ҷиноятии ин гурӯҳи одамонро дар муошират бо ҳамкасбон ва шаҳрвандон истифода намояд;
- корманд набояд риш монад, муйи сарашро тарошад, дар тан холкубӣ кунад, ҷавоҳирот андозад, ба истиснои ангуштарини ақди никоҳ, предметҳои либоси низомиро бо либоси шаҳрвандӣ омехта намояд, дастро дар киса нигоҳ дорад. Либоси тозаю озода пӯшида барои атрофиён намунаи ибрат бошад;
- корманд бояд ҳангоми муошират бо шаҳрвандон ба чунин рафторҳо роҳ надиҳад: мағрурӣ, дуруштӣ, мутакаббирӣ, эродгирии беодобона, айбдоркунии ғайриқонунӣ ва беасос, таҳдид, суханҳо ва луқмапартоиҳои таҳқиркунанда, баҳсу мунозираҳо ва ҳаракатҳое, ки ба муоширати муътадил монеа эҷод менамояд ё ба кирдори ғайриқонунӣ моил мекунад, (санҷиши беасос ва бесабаби шиносномаҳо, картаи муҳоҷиратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо);
- манбаҳо ва воситаҳои давлатии (технологияи иттилоотии шабакаи интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, нақлиёти давлатӣ, телефон, ксерокс, факсҳо ва дигар таҷҳизот, арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ пешниҳодшударо самаранок истифода намояд.
6. Корманди милитсия ӯҳдадор аст:
- ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд;
- тибқи уҳдадориҳое, ки дар дастуру низомномаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ шудаанд, амал намояд;
- ба амалҳое, ки боиси вайроншавии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад, роҳ надиҳад;
- кӯшиши худро барои фаъолияти самаранок равона созад;
- амалҳоеро, ки ба манфиати мақомот зарар мерасонад, истисно намояд;
- бо муносибат ва рафтори шахсӣ барои ташкили фазои солими ахлоқӣ дар коллектив мусоидат намояд;
- ба амалҳое, ки ба самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба таври дахлдор иҷро намудани ӯҳдадориҳои мансабии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ монеа мешаванд, муқовимат намояд;
- ба ҳолатҳои вайрон намудани меъёрҳои одоби касбӣ аз ҷониби дагар кормандон роҳ надиҳад;
- бовиҷдонона, беғаразона ва бо сифат вазифаҳои хизматии худро иҷро карда, барои ин вақти кориро самаранок истифода намояд;
- дахолат намудани корманди милитсия ба фаъолияти соҳибкорӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шахсони алоҳида манъ аст, агар дар қонунгузорӣ муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад;
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ вобаста ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба шаъну шарафи инсонӣ эҳтиром гузошта, ҳуқуқҳои ӯро ҳимоя намояд;
- қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро танҳо дар ҳолати пешбининамудаи қонунгузорӣ ва ба андозае, ки онро иҷрои уҳдадориҳо талаб менамояд, ба кор барад;
- ҳуқуқ ва саломатии боздошташудагонро таъмин намояд, аз ҷумла ҳангоми зарурат барои расонидани ёрии тиббӣ чораҳои бетаъхир андешад;
- ҳангоми хешованди наздик будани корманд ба роҳбаре, ки ба ӯ тобеъ буда ва фаъолияташ зери назорати ӯ қарор дошта, ҳисоботдиҳанда мебошад, аз ишғоли мансаби дахлдор даст кашад;
- роҳбари мақомот набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеъи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад;
- ба вазъи ихтилофнок, ки имкони ба шаъни ӯ ва обруйи мақомот зарар расонданро дорад, роҳ надиҳад. Дар мавриди ба миён омадани чунин вазъият зарур аст, ки ин ҳолатро ба роҳбари бевосита маълумот диҳад;
- ба ҳолатҳои маҷбур намудани корманд ба аъзошавӣ ва иштирок дар фаъолияти ҳизбҳо, иттиҳодияҳои сиёсӣ ва динӣ роҳ надиҳад;
- дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ дағалӣ накунад, ҳангоми кашидани тамокӯ маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд.

4.Тартиби ташкил ва фаъолияти Комиссия оид ба одоби касбӣ

7. Комиссия оид ба одоби касбӣ бо фармоиши роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати Раис, муовин, аъзоёни комиссия иборат аз 5 то 7 нафар, аз ҷумла котиби масъул таъсис дода шуда, роҳбари мақомот ва ё муовини ӯ ба ҳайси раиси Комиссия интихоб карда мешавад.
8. Комиссия дар ду моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурат ҷаласа доир менамояд. Ҷаласа ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду қисми ҳайати он иштирок дошта бошад. Ҳангоми баробар будани овозҳо зимни қабул намудани қарор овози Раиси Комиссия ҳалкунанди ҳисоб меёбад.
9. То баррасии парвандаи интизомӣ дар ҷаласа аз ҷониби Комиссия санҷиш гузаронида шуда, ҳолатҳо ва маълумотҳои марбута ба парванда таҳлил карда мешаванд ва аз шахсони муайян баёнот гирифта шуда, маводҳои зарурӣ ҷамъ оварда мешаванд.
10. Комиссия санҷиши ҳолатҳои вайрон намудани талаботҳои Кодекси мазкурро тибқи тартибе, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ муқаррар гардидааст, мегузаронад.

5. Вазифаҳои Комиссия

11. Комиссия вазифадор аст:
- омӯзиш ва пешниҳоди таклиф оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаи одоб ва бархурди манфиатҳоро танзим менамояд;
- амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар мақомоти корҳои дохилӣ;
- машварат додан ба корманд вобаста ба масъалаҳои марбут ба одоби касбӣ;
- дар мақомоти корҳои дохилӣ оид ба одоби касбӣ гузаронидани чорабиниҳои таҳсилотӣ ва иттилоотӣ;
- барои муайян кардани ҳолатҳои вайрон шудани талаботҳои Кодекси мазкур ва бархурди манфиатҳо гузаронидани санҷиши хизматӣ;
- таҳияи тавсияҳо барои муҳокима дар ҷаласаи умумии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, дарҷ намудан дар варақаи аттестатсионии корманд оид ба ҳолатҳои риоя нагардидани талаботҳои Кодекси мазкур ва ба эътибор гирифтан ҳангоми таъинот ба дигар мансаб ва татбиқи ҷазои интизомӣ;
- пешниҳоди тавсия барои ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани корманде, ки талаботҳои Кодекси мазкурро вайрон кардааст, ба роҳбарони болоии мақомот.

6. Ваколати Комиссия

12. Комиссия ваколатдор аст:
- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии одоби касбӣ;
- таъминоти мақомот бо воситаҳои аёнӣ оид ба масъалаҳои идораи одоб;
- дастрас намудани иттилоот оид ба вайрон намудани одоби касбӣ ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби корманд, аз шаҳрвандон ва дигар кормандон ва ба роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ хабар додан;
- баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани талаботҳои Кодекси мазкур аз ҷониби корманд ва шикояти онҳо нисбат ба қарорҳои Комиссия;
- шарҳ додани ҳолатҳои бархурди манфиатҳо ҳангоми пайдоиши ихтилофот;
- барои иҷрои вазифаҳои худ талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақомоти давлатӣ, инчунин аз дигар ташкилотҳои дахлдор;
- гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз корманд;
- ҷалб намудани ташхисгарон ва мутахассисон барои додани хулоса.

7. Вазифаҳои Раиси Комиссия

13. Раиси Комиссия вазифадор аст:
- фаъолияти комиссияро ташкил намуда, онро роҳбарӣ намояд;
- рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян намояд;
- ҷаласаи комиссияро даъват намояд ва ба он раисӣ кунад;
- аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар ҷаласаи комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян намояд;
- дар хусуси аъзои ҳайати комиссия ё иваз намудани аъзои он таклиф пешниҳод намояд.


8. Вазифаҳои котиби масъули Комиссия

14. Котиби масъули Комиссия вазифадор аст:
- таъминоти таҳлилию иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқии фаъолияти комиссияро анҷом диҳад;
- маводро барои баррасии парвандаҳои интизомӣ омода намояд;
- маълумотро дар бораи ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекси мазкур мураттаб ва таҳлил намояд;
- таҳияи тавсия оид ба такмили Кодекси мазкурро анҷом диҳад;
- дар таълими корманд оид ба риояи талаботҳои Кодекси мазкур иштирок намояд;
- аз шахсони мансабдор ва дигар субъектҳо мавод ва иттилооти дахлдорро, ки барои санҷиш заруранд, талаб намояд;
- мутахассисон ва ташхисгаронро барои иштирок дар санҷиш ва додани хулоса ҷалб намояд;
- ба баррасии комиссия таклифҳо ҷиҳати такмил додани Кодекси мазкур манзур менамояд.

9. Назорат

15. Назорати риояи талаботҳои Кодекси мазкур дар мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи Комиссия оид ба одоби касбӣ, мутобиқ ба санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

10. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботҳои Кодекси одоби касбии кормандони милитсия

16. Иҷрои талаботҳои Кодекси мазкур аз ҷониби корманд ҳатмӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
17. Таҳлил ва баҳодиҳии риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баррасии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин кардани корманд ба мансаб, ҳангоми мукофотонидан, додани рутба ва сафарбар намудан ба хориҷи кишвар, тайёр кардани тавсифнома ё тавсиянома ҳатмӣ мебошад.
18. Роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси тавсияи Комиссия бояд барои бартараф намудани рафтори ғайриоинномавии тобеъон чораҳои зеринро андешад:
- гузаронидани чораҳои иттилоотонӣ, ки ба паҳн намудани муқаррароти Кодекси мазкур равона карда шудааст;
- бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ, татбиқ намудани ҷазои интизомӣ;
- андешидани дигар чораҳое, ки санадҳои меъёрии соҳавӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
- андешидани чораҳо оиди бартараф намудани сабабу омилҳое, ки ба вайрон гаштани рафтору одоби корманд мусоидат намудаанд.
19. Ҳангоми дар амалҳои корманд мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ маводи дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ё интизомӣ кашидан фиристонида мешаванд.

Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад