Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 23-юми марти соли 2019, тахминан соати 05:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-350”, Ҷалолов Исфандиёр Сайдамирович, соли таваллудаш 1996, донишҷӯи соли 3-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Мӯъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб ба самти дарвозаи шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Раҳмонов Шодихон Назарович, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 24-уми марти соли 2019, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Турдиев Муҳаммади Эргашбобоевич, соли таваллудаш 1988, сокини деҳаи Бахтовари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Анҷибар аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошов Ёдгор Исмоилович, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Анҷибарро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тошов Ё.И. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика