Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нафъи занон дар корҳои ҷамъиятӣ

16

Шӯрои занони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо ташкили мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба фаъолияти занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятиро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар оиди иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар дар мақомоти маъмурӣ – идоракунӣ, дастгирию ғамхорӣ нисбати онҳо, фароҳамсозии шароити таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳими давлатӣ барои занон сухан рафт.
Роҳбари Шӯрои занони мақомоти милитсияи вилояти Суғд, сардори котиботи Раёсат полковники милитсия Тоҷиева Каромат Набиевна, вобаста ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, дастгирию имтиёзҳои ба ҳаёту фаъолияти занон нигаронида шуда ба аъзоёни Шӯро маълумот дода, таъкид намуд, ки ҷавобан ба чунин ғамхорӣ баҳри хизмат ба нафъи Ватан занони мақомот фаъол бошанд. Дар тарбияи ҷомеа ҳиссагузорӣ намудан хислати азалии зан-модар аст, ки мо онро дар амал бояд нишон диҳем, илова намуд К. Набиевна.
Пешгирии зуҳуроти номатлубе чун бегонапарастии бонувон, кор дар самти муноқиша ва хушунати оилавӣ аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳ буд.
Дар доираи амалиёти профилактикӣ таҳти унвони «Маданияти шаҳрдорӣ», ки чанд муддат инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ташаббуси мақомоти милитсия ҷараён дорад, миёни занону бонувон пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ заминаест, ки метавонад ба коҳишёбии муаммои мазкур мусоидат намояд, гуфта шуд дар мизи мудаввар.

17

Тавре дар чорабинӣ баён гашт, таъин гардидани занон ба вазифаҳои афсарӣ ва роҳбарикунанда дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нишонаи боварӣ ба истеъдоди коргузории зан аст. Аъзоёни Шӯро фикру андешаи худро оид ба тақвият додани таҷриба ва иҷрои вазифаи ба уҳдаи онҳо вогузоргардида изҳор дошта, қарори дахлдор қабул намуданд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика