Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти се нафар бо гумони тақаллубкорӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, зани 49–солаи сокини шаҳри Душанбе, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2011, марди 39-солаи сокини кӯчаи Айнии ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7000-доллари амрикоиро гирифта ваъда медиҳад, ки аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе замини назди ҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол маблағро барнагардонидааст. 

Ба мақомоти милитсия марди 45-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2007, зани 57-солаи сокини кӯчаи Каленини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 4000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда медиҳад, ки дар кӯчаи Хоҷамбиёи шаҳри Душанбе қитъаи заминро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, вале то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 52-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 8-уми январи 2018, марди 51-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, автомашинаи шахсиаш тамғаи "Мерседес Бенс"-ро ба маблағи 55,000-сомонӣ нархгузорӣ карда, автомашинаи мазкурро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика