Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақаллубкорӣ ба хотири даромади муфт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 41-солаи сокини кӯчаи Телмани ноҳияи Рӯдакиро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

Номбурда, соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини кӯчаи Қаротегини ноҳияи зикргардида даромада, қитъаи замини боғдории ӯро дар масоҳати 3-га ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта, ваъда медиҳад, ки дар ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 0,20-га замин ва 60.000-дона хишти пухта медиҳад.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда ин қитъаи заминро ба дигар шахс фурӯхта, такроран ваъдаи дурӯғ медиҳад, ки 20.000-доллари амрикоӣ медиҳад, аммо то ҳол маблағро барнагардонидааст.
Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Дар рафти тафтиш муайян гардид, ки номбурда моҳи ноябри соли 2017, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Москваи ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 25.000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ин далелҳо мавриди тафтиш қарор доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика