Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия

 67

Рӯзи 9-уми феврали соли 2018 дар доираи ислоҳоти милитсия ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа вохӯрии сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо кормандони ғайриштатии милитсия баргузор гардид. 

Сардори Раёсати мазкур зимни суханронӣ зикр кард, ки кормандони ғайриштатии милитсия дар ҳамкорӣ бо Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ алайҳи ҷинояткорон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас доранд. Онҳо дар татбиқи қонунгузорӣ қадамҳои устувор гузошта, пайваста дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят ва ҷонибдорӣ менамоянд.

68

Кормандони ғайриштатии милитсия мувофиқи қудрат ва тавоноии худ дар ҳама шароит ба Ватан, миллат ва давлат содиқона хизмат намуда истодаанд. Мавриди таҳсин ва сипосгузорӣ аст, ки саҳми онҳо дар кушодан, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои муташаккилона бағоят калон мебошад.
Кормандони ғайриштатии милитсия мунтазам дар маъракаҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ширкат варзида, сари вақт оиди амал ва кирдорҳои ҷинояткоронаи шахсони гумонбар ва содиркунандаи ҷиноят бо Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамкорӣ менамоянд.
Дар хотимаи чорабинӣ оид ба ҳамкории мутақобила ва муштарак саволу ҷавоб доир гардида, кормандони ғайриштатии милитсия изҳор доштанд, ки ҳамеша бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ омодаанд бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намоянд.

69

Дар робита ба ин аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ба хотири зиндагии орому осуда, нафароне, ки мехоҳанд дар мубориза бар зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ саҳми худро гузоранд ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намоянд.
Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66
Дарҳои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи шаҳрвандон ҳамеша кушода аст.
Мубориза ва муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ вазифаи ҳар як фарди солимфикр ба ҳисоб рафта, масъулияти инсонӣ ва виҷдонии ҳар яки мову шумост!
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика