Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози бинои нави БДА дар шаҳри Хуҷанд

340

Дар маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷанд барои кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавӣ сохта мешавад. 

Имрӯз, дар макони сохташавандаи иншоот маҳаллаи навбунёди "Ваҳдат", маросими гузоштани санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилоят, ШВКД ва фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ изҳор дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа бештар аз 6,5 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад. Корҳои сотхмонӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони ватандӯст дар иншооти сохташаванда мувофиқи нақша пеш меравад.

341

Дар заминаи корҳои ободонӣ бо пешниҳоди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуд, ки бинои шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо тарҳи наву замонавӣ сохта шавад.
Тибқи лоиҳа иншооти нав дар майдони як гектар сохта шуда, фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад. Бино аз таҳхона ва сеошёна иборат буда, таваққуфгоҳи ҷаримавӣ ва дигар шароити зарурӣ сохта мешавад. Ҳамзамон дар ин мавзеъ сохтмони бинои ду ошёнаи шуъбаи шиносномадиҳӣ ва ошхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин ташаббус ғамхории Ҳукумати мамлакат барои кормандони мақомоти милитсия, аз ҷумла масъулини бозрасии давлатии автомобилӣ арзёбӣ карда шуд.
Баъди муаррифии лоиҳаи иншооти сохташаванда ва гузоштани санги асос пешниҳод гардид, ки дар ин мавзеъ барои нозири минтақавии милитсия низ утоқи корӣ сохта шавад. Пешниҳоди мазкур ба он хотир аст, ки дар гирду атрофи иншоот маҳаллаҳои нав бунёд шудааст ва сокинон бояд ба милитсия дастрасӣ дошта бошанд. Аз ҷониби роҳбари вилоят дастур дода шуд, ки лоиҳа бознигарӣ ва роҳҳои ин минтақа обод ва ба таври замонавӣ чароғон карда шавад.

342343

Кормандони мақомоти милитсияи вилояти Суғд барои таваҷҷуҳ ва ғамхории рӯзафзун аз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдор буда, ҷавобан ба чунин ғамхорӣ дар иҷрои рисолати касбӣ боз ҳам масъулияти бештар эҳсос мекунанд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика