Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кист сарсупурдаи Ватан-ману туем!

335

5-уми декабри соли равон, дар бинои Дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВКД дар минтака ва ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили ҷашни воҳидхои таъиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, чорабинии идона баргузор гардид.
Азизулозода С.А., чорабинро ифтитоҳ намуда, аз корнамоиву шуҷоат ва далериву мардонагии родмардони ин воҳид ёдовар гардида, қайд кард, ки ҳайати шахсии Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар ин минтақа ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, ҳамчун далерони Ватани хеш бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон хоҳанд бурд.

330331332

Дар қисмати дуюми он сардори Раёсат кормандони Дастаро аз номи Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, як катор кормандони ин ниҳодро, ки дар рафти фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳоли назаррас ноил гардидаанд, бо медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Рухшона Шукурова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика