Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар Суғд

326

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, намояндагони Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, сардорони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва ҳайати шахсии Даста иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо маърӯзаи табрикотӣ намуда, аз фаъолият ва дастовардҳои воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, аз ҷумла Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҳарф зада, зикр намуд, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсия - яке аз сохторҳои мустақили Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, замоне таъсис ёфт, ки Ватани маҳбуби моро фазои нооромиву бесарусомонӣ фаро гирифта буд.

329

Ёдовар бояд шуд, ки 5 декабри соли 1995, Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ба ҳайати он ҷавонони ҷасуру далер, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман обутобёфта ҷалб карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳайати шахии ин ниҳод, дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории худро такмил дода, имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки иқтидори кории ин воҳидро ҷавононони рӯҳану ҷисман обутобёфта ташкил медиҳанд. Хизмати содиқона, шуҷоат ва иродаи мустаҳками хизматчиёни ин Дастаро Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти ВКД ҳамеша қадр мекунанд. Дар баробари таъмин будан бо шароити мусоиди корӣ ва таъминоти моддӣ ҳавасмандиҳои зиёди иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон нисбати кормандони ин воҳиди мақомоти милитсия карда шудааст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудааст.
Ҳамзамон муовини прокурори ҳарбии гарнизони Суғд полковники адлия Суҳроб Салимзода ба сухан баромада диловарони Дастаро табрик намуд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар Дастаи таъиноти махсуси милитсия нафароне кору фаъолият доранд, ки дар ҳақиқат Ватан-Модар барояшон муқаддас ва ҳифзи амнияти сарзамин шиори зиндагиашон аст. Ва борҳо вазифаи касбиро сарбаландона ба субут расонида, дар назди халқу Ватан қарзи фарзандиро иҷро намудаанд.

328

Дар иртибот ба ин санаи таърихӣ бо фармони Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати мазкур кормандони фаъоли Дастаи таъиноти махсуси милитсия, бо медалу нишон ва Сипосномаву Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ маҳорати низомӣ, тактикиву ҷангии худро диловарони Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо маҳорати баланд намоиш доданд.
Чорабинӣ бо гузашти низомӣ ва оростани дастархони идона ҷамъбаст гардид.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика