Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёдоварӣ аз дирӯзу имрӯзи милитсияи ноҳияи Варзоб

235

Дар чорабинии идонае, ки ба муносибати Рӯзи милитсияи Тоҷикистон дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб доир гардид, аз қаҳрамониву ҷоннисорӣ ва сарсупурдагии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ёдоварӣ карда шуд. Дар ин маҳфили бошукӯҳ Раиси ноҳияи мазкур Маҳмадулло Шерализода роҳбарият ва кормандони шуъбаи милитсияро бо иди касбӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.
Ӯ бо ёдоварӣ аз дастгириву фароҳамсозии шароити мусоиди корӣ барои ҳайати шахсии ин мақомоти бонуфузи давлатӣ, иброз намуд, ки нақши милитсияро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дарк намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати хизматчиёни сохтори мазкур ғамхориҳо зоҳир намуда, тайи солҳои охир барои натиҷабахш гардидани фаъолияти онҳо бинову иншооти зарурии маъмурӣ ва манзилҳои истиқоматӣ сохтаву ба истифода дода шудаанд.

236

Сипас, дар доираи ин ҷамъомади идона, Раиси ноҳияи Варзоб М.Шерализода ба чанде аз кормандоне, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, инчунин ба он собиқадорони соҳа, ки бо шуъбаи милитсия робитаи наздик доранд, Сипосномаву Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо тақдим карда, аҳли нишастро бори дигар бо ин санаи таърихӣ табрик намуд.
Дар идомаи чорабинӣ, зимни суханронӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб полковники милитсия Раҳматулло Саидзода аз таърих ва дирӯзу имрӯзу мақомоти корҳои дохилии ноҳия ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки чун дигар минтақаҳои кишвар вазъияти ин ноҳияи сайёҳӣ низ ноором гардида буд, дар сафи милитсия он шахсоне кор мекарданд, ки ба савганду касби хеш содиқ монда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятӣ саҳми калон гузоштанд.
- Маҳз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии ин гуна ашхос аст, ки имрӯз мову шумо чун сокинони дигар гӯшаву канорҳои кишвар дар фазои орому осуда кору фаъолият ва зиндагӣ дорем. Собиқадороне, ки айни ҳол дар чорабинии имрӯзаи мо иштирок доранд, аз зумраи ҳамин гуна афроди сарсупурда мебошанд, ки новобаста ба нафақа баромадан, ҳанӯз ҳам бо шуъбаи милитсия робитаи наздик дошта, дар тамоми чорабиниҳои он ширкат меварзанд. Бешак, ватандӯстиву корномаи онҳо мояи ифтихори роҳбарият ва ҳайати шахсии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб, хусусан насли ҷавони он мебошад, - иброз намуд ӯ.
Дар идомаи суханронии худ полковники милитсия Р.Саидзода аз дастгириҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи номбурда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз ҳамин гуна таваҷҷуҳи доимӣ нисбати фаъолияти милитсияи ноҳия мебошад, ки ҳайати шахсии он тайи солҳои охир ба дастовардҳои назарраси хизматӣ ноил гардидааст.

237238

Сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб сатҳи ҳамкориҳои тарафайни милитсияи ноҳияро бо дигар сохторҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ қонеъкунанда арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ин робитаҳои судманд ба пешрафти кор нигаронида шудаанд.
Дар идомаи чорабинии ҷашнӣ чанде аз собиқадорону меҳмонон бо суханони табрикотӣ баромад намуда, Рӯзи милитсияро, ки санаи таърихии пайванд ба сарнавишту таърихи куҳани миллати сарбаланди тоҷик аст, ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ табрик гуфтанд.
Дар интиҳо, барои собиқадорону ҳайати шахсии шуъбаи милитсияи ноҳия ва меҳмонони ин маҳфили хотирмон дастархони идона ороста шуд.
Ҳ. ШЕРАЛӢ,
У. ОЛИМ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика