Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Деу-Сиело”, Маҷидов Саймуъмин Салимович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Данғара-Бохтар” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа кардааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ҳалимов Абдулазиз Бобихолович, соли таваллудаш 1980, сокини ш.Левакант, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 22:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Лендкрузер”, Обидҷонов Нуриддин, соли таваллудаш 1950, сокини ш.Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” дар ҳудуди ҷамотаи деҳоти Д.Холматови н.Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба веломопеди тамғаи “Скутер”, таҳти идораи ронанда, Ҳомидов Абдуваҳҳоб Мавлонович, соли таваллудаш 1982, сокини н.Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Ҳомидов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика