Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

395

Субҳи имрӯз дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи Конститутсия» бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ семинари омӯзишӣ доир гашт. Дар оғоз сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо вобаста ба мавқеи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдории миллӣ сухан кард. Таъкид шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ аз сохтори таркибии давлат аст, ки барои тадбиқи меъёрҳои муқаррар намудаи Конститутсия саҳм мегузорад. Эҳтиром ба ин санади танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа кафили рӯзгори босаодат аст, ки чорабинии имрӯза маҳз ба ҳамин хотир баргузор мегардад афзуд Қ. Назарзода.

396

Сипас муовини сардори факултети 4-уми Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ подполковники милитсия Меҳриддин Ғаффуров бо маърузаи илмӣ баромад намуда, аз таърихи пайдоиши аввалин конститутсияҳо, шаклҳои таърихӣ, намуд ва тарзҳои ҳуқуқии қабули конститутсия ба ҳозирин маълумот дод. Оиди давраҳои инкишофёбии Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда мавсуф зикр дошт, ки Конститутсия ҳуҷҷати расмӣ, санади муқаддас ва сарнавиштсоз барои халқи тоҷик мебошад. Ҳамчунин ба моддаҳои алоҳидаи Конститутсия таваҷҷуҳ намуда моҳияти он тафсир карда шуд.
Иштирокчиёни семинар вобаста ба мавзӯи матраҳгардида маълумоти дақиқ гирифтанд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика