Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиши мақсаднок дар телефонбозор

285

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда пайваста чорабиниҳои мақсаднок ва пешгирикунанда доир менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон ва даст назадани онҳо ба амалу кирдорҳои номатлуб санаи 9 октябри соли равон кормандони Хадамоти мазкур дар кӯчаи Фирдавсӣ-107, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар бозори кӯҳнафурӯшӣ, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ва дигар ашёҳо ба фурӯш бароварда мешавад, санҷиши мақсаднок доир намуданд. 

286287

Натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки шумораи зиёди ноболиғон, хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар бозори мазкур ба оворагардӣ ва хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул мебошанд. Кормандони ХПҲНҶ 17 нафар ноболиғонро, ки ба чунин кирдор машғул буданд ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД дастрас намуданд. Волидайни ноболиғони боздоштшуда даъват гардида, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Ҳамчунин нисбати падару модари ноболиғон барои вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси моддаи 90 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика