Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмунҳои «Мақолаи беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» муайян гардиданд

385

Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа дар якҷоягӣ бо Сомонаи расмии ВКД бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Мақолаи беҳтарин» эълон намуда буд, ки он ҷамъбаст гардида, ғолибон аз номи роҳбарияти ВКД бо «Ифтихорномаи фахрӣ», «Раҳматнома» ва «Сипоснома» қадрдонӣ гардиданд.

Вобаста ба ин мавзӯъ ба идораи ҳафтанома мақолаҳои гуногуне ворид гардид, ки ҳар кадоме бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳам фарқ менамуданд. Зимни натиҷагирӣ аз ин озмун ҳайати ҳакамон Алишери Сайфиддин, донишҷӯи соли сеюми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторовро барои навиштани мақолаи «Чӣ кор бояд кунем, ки соҳаи сайёҳӣ рушд намояд?» (ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №39(491) аз 27-уми сентябри соли ҷорӣ) сазовори ҷойи аввал донистанд.

382383

Дар ҷойи дуюм мақолае, ки дар Сомонаи расмии ВКД аз 15-уми августи соли ҷорӣ аз номи Хушбахт Содиқов, донишҷӯи соли чоруми факултаи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи «Авангард» зери сарлавҳаи «НБО «Роғун» - роҳнамои рушди устувори Тоҷикистон» ба табъ расид, лоиқ дониста шуд. Дар зинаи сеюм рӯзноманигор Сайфулло Маҳкамов бо мақолаи «Истаравшан: Сандуқсозон навъҳои навро ихтироъ мекунанд!», ки дар шумораи №22 (474) аз 31-уми майи соли 2018 дар ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» нашр гардид, қарор гирифт.
Ҳамчунин, озмуни «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» низ ҷамъбаст гардид ва дар ҷойи аввал хонандаи синфи 7 «а»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сабрина Муродова сазовор дониста шуд. Зинаи дуюмро Мунаввараи Умарҷон, донишҷӯи бахши 1-уми факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиб гардид. Сазовори мақоми сеюм Гулҳаёи Мадамон, рӯзноманигори нашрияи «Минбари халқ» гардид.
Барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ, иштироки фаъолона, нишон додани савияи баланди донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, васфи Ватан, расму анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумӣ ва ишғол намудани ҷойҳои намоён дар озмунҳои «Мақолаи беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ», инчунин бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ба ғолибони озмун мукофотҳоро аз номи роҳбарияти ВКД сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ ва Сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ супориданд.

384381

Ҳамчунин, ба Гулҳаёи Мадамон дар ҳузури ҳайати эҷодии нашрияи «Минбари халқ» Сипосномаро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» супорида, ӯро барои ҳамкории судманд ва сазовор гардидани ҷойи сеюм дар озмуни «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» таҳният гуфт. Ҳамчунин, барои дастгирии ҳамаҷониба ба роҳбарияти ВКД аз номи ҳайати эҷодии «Минбари халқ» миннатдорӣ баён карда шуда, иброз гардид, ки ҳайати эҷодӣ минбаъд низ ҳамкориро бо мақомоти корҳои дохилӣ тақвият мебахшад.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика