Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ронанда барои кирдори зиддиҳуқуқӣ

312Санаи 4-уми октябри соли равон, як нафар зани 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аризаи шикоятӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ҷавонписари ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия», рақамҳои қайди давлатиаш 2102 ЕА 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ дар хатсайри №8 машғул буданаш, 1-уми октябри соли равон, тақрибан соатҳои 14:45-дақиқа, нисбати муроҷиаткунанда беҳурматӣ зоҳир намуда, дар ҷойи ҷамъиятӣ ба ӯ ҳаракат ва суханҳои ғайриахлоқӣ изҳор намудааст.

Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи омӯзишу баррасии муроҷиати мазкур, нафари қонуншиканро боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки соҳиби автомашинаи дар боло зикргардида шаҳрванд Камолов Шералӣ Азизович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қабодиён мебошад. Зимни бозпурсӣ муайян карда шуд, ки ӯ ҳақиқатан 1 октябри соли равон, ҳангоми бо автомашинаи шахсиаш аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба самти кӯчаи Лоҳутии пойтахт интиқол додани муроҷиаткунанда, нисбати ин ҷавонзан беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо кирдор ва рафторҳои ғайриахлоқиаш шаъну шарафашро паст задааст. Номбурда ба кирдори содирнамудаи худ пурра иқрор гардида, барои дар оянда ба чунин аъмол даст назаданаш баёнот додааст.
Айни замон, нисбати шаҳрванд Шералӣ Камолов бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо дарназардошти маъюби гурӯҳи дуюм буданаш аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 350 сомонӣ таъин карда шуд.
Сироҷиддин Шукуров
лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика