Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои мақсаднок дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат

158

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳим, ба ҳолати таъмин ва риояи ҳатмии меъёр ва талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳои таъиноташон гуногун, ҷойҳои оммавӣ, бозорҳо, марказҳои савдо, инчунин биноҳои баландошёнаву маҳаллаҳои аҳолинишин диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба ҳар гуна ҳосидсаҳои нохуш чораю тадбирҳои иловагии заруриро тарҳрезӣ ва роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина, тибқи нақшаи чорабиниҳои иловагии зиддисӯхторӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД тасдиқ гардидааст, кормандони қисми мустақили 14-уми ҳарбикунонидашудаи хадамотҳои давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри мазкур ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор, дар бозори марказии Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат, бо ҷалби нақлиёти оташнишонӣ корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро вобаста ба риояи ҳатмии меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ташкил ва баргузор намуданд.
Бояд қайд кард, ки масоҳати бозори мазкур 1,29 гектар буда, дар он 650 нафар соҳибкорону савдогарон фаъолият менамоянд. Барои таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар он, ба истиснои оташхомӯшкунакҳои дар дохили мағозаву дӯконҳои савдо ва ошхонаҳо мавҷудбуда, боз 14 адад сипарҳои оташнишонӣ, обанбори зиддисӯхторӣ бо захираи об дар ҳаҷми 35 метри кубӣ, 1 адад мотопомпаи обкашӣ мавҷуд мебошад.
Дар рафти баргузории чорабинии зиддисӯхтории муштарак муайян карда шуд, ки новобаста ба баргузор намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони ХДО ВКД, ҳамоно баъзе аз соҳибкорону савдогарон дидаву дониста талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро вайрон мекунанд.
Аз ҷумла, онҳо худсарона молу маҳсулотҳои ба фурӯш баровардаашонро дар роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонии гирду атроф ва ҳудуди бозор ҷойгир карда, барои ҳаракати озодонаи автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ дар мавридҳои зарурӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Инчунин дар баъзе аз мағозаву дӯконҳои савдо ва ошхонаҳои хусусигардонидашудаи ҳудуди бозор пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ ва тартиби истифодабарии асбобу таҷҳизотҳои барқӣ ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, қисмҳои чӯбини чортоқ ва рафҳои ҷойгиркунии молу маҳсулотҳо бо маводи махсуси кимиёвии ба оташ тобоваранда коркард карда нашудаанд.

159160

Вобаста ба ин, аз тарафи кормандони хадамотҳои давлатии оташнишонии шаҳри Ваҳдат нисбати 24 нафар соҳибкорону савдогароне, ки дидаву дониста талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 6000 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Ҳамчунин 5 мағозаву дӯконҳои савдо, 6 ҳуҷраҳои алоҳида ва 4 қитъаҳои барқии хавфи сӯхтордошта, ки ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ набуданд, муваққатан аз фаъолият боз дошта шуданд.
Дар баробари ин, бо роҳбарияту масъулон ва соҳибкорони бозори марказии Раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Ваҳдат, аз тарафи мутахассисони қисми мустақили 14-уми ҳарбикунонидашудаи хадамотҳои давлатии оташнишонӣ, оид ба риояи ҳатмии меъёр ва талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, омилу сабабҳои асосии ба амал омадани ҳама гуна ҳодисаҳои фавқулодда, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо онҳо ва тартиби даъвати ХДО дар мавридҳои зарурӣ, дастуру сӯҳбатҳои муфид гузаронида шуда, ба саволҳои тоҷирону савдогарон посухҳои муфассал дода шуданд.
Дар ин раванд ба роҳбарияту масъулони бозор ва соҳибкорони алоҳидаи он барои дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаи зиддисӯхторӣ, амрномаи мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, супорида шуданд.

Зафар Ёров
Толиб Ашуров
ХДО шаҳри Ваҳдат


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика