Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошон дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд

280

Рӯзи 9-уми сентябри соли равон, тақрибан соати 18:20-дақиқа, бо хабари қисми навбатдорӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оиди муайян намудани ходисаи рухдода, яъне муноқишаи гурӯҳӣ ба кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Сино сафарбар гардиданд.

Баъд аз ба ҷои ҳодиса ҳозир гардидан кормандони милитсия муайян намуданд, ки дар кӯчаи мазкур назди бинои тарабхонаи «Мумтоз» як гурӯҳ шаҳрвандон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандон Саидов Давлат Шералиевич, Саидов Нурулло Шералиевич ва Риоев Далер Пулодович дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Зимни пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро муддати 15-20 дақиқа дағалона вайрон намуда, бо шаҳрвандон Абдуқодиров Улуғбек Алиҷонович ва Пиров Довуд Мустафоевич муноқиша ва онҳоро зери латукӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа номбурдагон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

281

Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати мастӣ, дар тарабхонаву марказҳои дилхушӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ содир гардидани ҷиноятҳои авбошӣ ва дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон зоҳир мегардад, баҳри пешгирии чунин кирдорҳои номатлуб кормандони милитсия тамоми чораҳои таъсиррасониро мавриди амал қарор медиҳад.
Айни замон гумонбарон Саидов Давлат, Саидов Нурулло ва Риоев Далер дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Сироҷиддин Шукуров


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика