Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ

Рӯзи 11-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Мирзоҳомидов Бузургмеҳр Мирзообидович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Айнӣ”, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи “Варзоб” чаппа шудааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Мирзоҳомидов Б.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 12-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 21:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Наҷмиддинова Матлюба Раҳматовна, соли таваллудаш 1978, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Тоҳиров Тоҳирҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Аштро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика