Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолият дар РВКД дар вилояти Суғд

165

Дар толори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва собиқадорони соҳа Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки падидаи нодири таърихӣ дар давраи навини давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад, дар фазои идона бо шукргузорӣ аз тинҷиву осудагӣ таҷлил намуданд. 

166

Бо ворид гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ чорабинии тантанавӣ ҳусни оғоз гирифт.
Нахуст сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо маърузаи идона намуда, номаи табрикотии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи ҳозирин расонид.
Гуфта шуд, ки Истиқлолият беҳтарин арзишест, ки ҳастии ҳар халқу миллатро ифода намуда, орзуву омоли ватандориро дар худ таҷассум мекунад. Саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки Истиқлолият ҳар давлатро ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани ҷоноҷони мо Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаву мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунад.

Сардори Раёсат дар баромади хеш оиди рӯзҳои аввалин ва вазнини бадастоварии Истиқлолияти давлатӣ, мавқеи бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамънамоии миллат ва эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ҷонбозиҳои кормандони милитсия дар ҳифзи соҳибистиқлолӣ, таъмини амният ва тартиботии ҷамъиятии он солҳо ҳарф зад. Хотираи он нафароне, ки барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ҷон бохтаанд бо дақиқаи хомушӣ гиромӣ дошта шуд.

167168

Сипас Назарзода Қудратулло Бобо аз дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ҳарбиву низомии кишвар ва мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар даврони Истиқлолият ба даст омадааст, суханронӣ намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар таҳкими сулҳ ва устувории пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи тартиботу оромии ҷомеа, ки имрӯзҳо ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон зиндагии осударо соҳиб аст кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нақши арзанда доранд. Борҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ намунаи баланди ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ҳамқадам, муҳофиз, мубориз ва сипари боэътимоди Истиқлолият ва халқи кишвар будани худро исбот намуданд.
Ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти ВКД ва Рёсати он дар вилояти Суғд фармонҳо оиди қадршиносии меҳнатҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ба имзо расида буд, ки қироат карда шуда, як қатор кормандони мақомот дар ин санаи таърихӣ соҳиби медалу орден, рутбаҳои навбатӣ ва Сипосномаву туҳфаҳои молӣ гардиданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика