Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорвои калон аз чарогоҳ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 8 ба 9-уми сентябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи назди хонаашон 1-сар асп, ки арзишаш 9 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини деҳаи Лангараки ноҳияи Рашт бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 50-солаи сокини деҳаи Бурмаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми сентяри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 8000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду марди 23 ва 32-солаи сокинони деҳаи Бурмаро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика