Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ронандае, ки ҷавонзанеро дашномҳои қабеҳ додааст

249

Санаи 17 август як гуруҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, ки мақомоти милитсияи пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи номаълумро, ки ҳамчун таксӣ фаъолият менамояд, муайян намуда, нисбати кирдорҳои ғайриахлоқии ронанда, ҷавонписари тахминан 25-30-сола баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Зеро ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мегардонад.
Баррасӣ ва санҷиши муроҷиати мазкур таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти милитсияи пойтахт қарор дода шуда, бо супориши бевоситаи сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р. баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи бадахлоқ тамоми қувваю воситаҳои милитсияи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуд.

250

Ҳамагӣ баъди як рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, санаи 18 август кормандони милитсияи пойтахт зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомшаинаи мазкурро муайян намуда, автомашинаи мазкурро ба мақомоти милитсия дастрас намуданд.
Дар натиҷа муайян кара шуд, ки ронандаи бадахлоқ шаҳрванд Файзуллозода Лутфуллои Муртазо, соли таваллудаш 18-уми октябри соли 1992 буда, соҳибмулки автомшаинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0203АК08, сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон мебошад. Номбурда ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш, дар хатсайри худсохтаи рақами 3, фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст. Тавре аз навор бармеояд, номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, рафта автомашинаашро боз медорад ва нисбати ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад.
Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани ронандаи бадахлоқ номбурда пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардид. Дар натиҷа нисбати ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд. Дар навбати худ санаи 20 август бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда Файзуллозода Лутфуллои Муртазо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Илова бар ин нисбати ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Лутфулло Файзуллозода барои бе гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан нисбати охирон бо дастрасии моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чоруҷӯӣ ба суд ирсол карда мешавад.
Тибқи муқаррароти моддаи мазкур ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 сомонӣ ронандаро таҳдид мекунад.
Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. , саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.
Ҳамаи муроҷиат ва пешниҳоду дархостҳои воридгардидаро шахсан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода мавриди омузиш қарор дода, баъдан барои баррасӣ ва санҷиши холисона ба шуъбаву хадамотҳои милитсия пойтахт ирсол карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика