Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва роҳҳои пешгирии он

205

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо тартиби нақша-чорабиниҳо баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
Чунин як вохӯрӣ бо иштироки сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш полковники милитсия Аҳмадзода Рустам дар ҷамоати шаҳраки Кирови шуъбаи 1-уми ноҳияи мазкур баргузор гардид.

206

Дар рафти ҷамъомад сардори ШВКД иброз дошт, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар эҷод кардааст.
Шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро, ки оқибатҳои хуношомро дар пай дорад, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст.
Танҳо эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, номуси баланди ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд, ки садди роҳи ин вабо гирифта шавад.

207

Дар ҷамъомад иштирокдорони касбу кори гуногун атрофи ин хатари умумибашарӣ баромад намуда, зикр карданд, ки ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа дар ҳамбастагӣ метавонад ҳамагуна амалу кирдори зиддиҳуқуқиро бартараф намояд.
Дар рафти чорабинӣ, кормандони мақомоти милитсия бо иштирокдорон суҳбати озоду ошкоро барпо намуда, аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки барои пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика