Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии оворагардии ноболиғон дар таътили тобистона

94

Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону наврасон дар ҳудуди пойтахт, ҳамзамон дар айёми таътили тобистона ба таълим фаро гирифтани насли ҷавон, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳо ва сӯҳбату корҳои профилактикӣ доир менамоянд.

Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта, мувофиқи Нақша-чорабиниҳои пешгирикунандаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амалиёт ва рейду санҷишҳо доир ба пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 21-нафар ноболиғон ба Шуъбаҳои милитсия дастрас гардиданд.
Қобили зикр аст, ки аз онҳо 10-нафар барои оворагардӣ ва 11-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки истифодаи ҳаргуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зуроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун мутаассифона имрӯз барои баъзе аз ноболиғону ҷавонон ҳамчун шавқу шуғли асосӣ ҳисоб меёбанд. Чунин бозиҳо ба рӯҳу равони инсон махсусан ноболиғон, ки ҳанӯз инкишоф наёфтаанд таъсири манфӣ расонида, оқибат онҳоро ба содирнамоии ҳаргуна амалҳои зиддиҷамъиятӣ водор месозад.
Чунончӣ аз таҳлилҳо бармеоянд, муноқишаҳои гурӯҳие, ки вақтҳои охир миёни ноболиғону ҷавонон ба вуҷуд омада, агар аз як ҷиҳат сабабгори асосии он шабгардиву машғул гардидан ба бозиҳои зараровари компютерӣ бошад, бемасъулиятии волидайн низ истисно нест.
Дар рафти баргузории санҷиши мазкур он ноболиғоне, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо ба мақомоти милитсия даъват шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи моддаи 90-и Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Аз ин рӯ аз падару модарон ва он нафароне, ки дар таълиму тарбияи ин насли ояндасоз масъуланд, талаб карда мешавад, ки нисбати ояндаи ноболиғону наврасон бетараф набуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш, маҳз дар ин шабу рӯз, ки хонандагон дар таътитили тобистона қарор доранд, тарғиб ва ҷалб намоянд. Зеро маҳз ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Шукуров Сироҷиддин, нозири гурӯҳи ахборотии Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, лейтенанти калони милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuno

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика