Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо сокинони ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод

278

Рӯзи 9-уми июли соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд бо аъзои оилаи нафароне, ки барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, пайвандони ашхоси дар хориҷа ба тадриси ғайрирасмии динӣ машғул буда ва волидайни шахсони дар кофтуков қарордошта аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

279

Вохӯрии сардори шуъбаи мазкур майори милитсия Раҳимзода Шуҳрат Раҳмон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки муовини раиси шаҳр Нигора Наимҷонзода, раисони ҷамоатҳо, фаъолон, ходимони дин, масъулини бахши идеалогӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич ва Зафаробод баргузор гардид.
Ҳадафи асосии мулоқот ба ҳаёти осоишта баргардонидани афроди гумроҳзада унвон карда шуд. Маърузачиён оиди хавфу хатарҳои экстремизму терроризм суханрони намуда, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастиро садди устувор бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби сайёра гуфтанд.
Шуҳрат Раҳимзода бо истифода аз асноду далелҳои воқеӣ аз фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мисолҳо оварда, бо нишон додани тасвир ва видеослайд ба иштирокдорон фаҳмонда дод, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои характери экстремистӣ- террористидошта бетараф набошанд. Ҳамчунин ба меъёрҳои сабукидиҳандаи қонун шарҳу тавзеҳ дода шуд.

280

Барои он, ки ҳақиқати сабукии қонунро иштирокчиёни мулоқот дар асл бубинанд дар вохӯрӣ сокини ноҳияи Ашт, қаблан кофтуковшаванда Рафиз Обидҷонов, ки нисбаташ соли 2016 барои фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ бо моддаи 307 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, соли ҷорӣ бо мусоидати РМЗҶМ ВКД ба Ватан баргашт ба сухан баромада, воқеият доштани озод гардидан аз ҷавобгарии ҷиноятиро таъкид дошт.
Дар хотима гуфта шуд, ки сарҷамъии миллат моро ба сӯи ояндаи неку дурахшон роҳнамоӣ мекунад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика