Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар дар садамаҳои марговар

13-уми июни соли 2018, соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Норматов Ҷамшед Ҳайдарович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Хоҷамқулов Валиҷон Неъматҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҷаҳонбеков Муродбек Ҷӯрабекович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Хоҷамқулов В. ва Юлдошев У. сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Сатторов Сироҷиддин Шаҳобиддинович, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
13-уми июни соли 2018, соати 00:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри» Атоев Муҳаммад Алимуродович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи бахши 3-юми яке аз донишгоҳҳои кишвар, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Фирдавсӣ аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагард, Муъминов Тилло Сафаралиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Муминободро пахш кардааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Муъминов Т.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика