Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғул шудан ба соҳибкории ғайриқонунӣ

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соҳибкори инфиродӣ бо гумони машғул шудан ба соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, аз моҳи январи соли 2016 то 31-уми майи соли 2018, аз ҳудуди бозори ҶДММ «Рафиқон», воқеъ дар шаҳраки ноҳияи Б.Ғафуров масоҳати 225-метри мураббаро ба иҷора гирифта, бо роҳи ворид намудани маҳсулоти сохтмонии чӯб аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаррӯза ба ҳисоби миёна 1500-сомонӣ фурӯхта, фоида ба даст оварда, бо фаъолияти ғайриқонунии худ 806000-сомонӣ даромад гирифтааст.
Сипас, оиди ин фаъолияти соҳибкорӣ аз қайди давлатӣ нагузашта, 64 660-сомонӣ андозҳои соддакардашуда ва иҷтимоиро ба манфиати буҷети давлатӣ ба миқдори калон пардохт накардааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 259 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2018 оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика