Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

227

Рӯзи 13-уми июни соли 2018 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо донишҷуён ва омӯзгорони ин боргоҳи илм вохӯрии судманд доир намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ дар байни ҷавонон бахусус донишҷӯён, бо илму дониш фаро гирифтан ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарсҳо роҳандозӣ гардид.
Нахуст, вохӯриро муовини ректори ин донишгоҳ Самандаров Искандар Ҳусенович оғоз намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳо бо зиёиён, ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа доир ба таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва техналогияи иттилоотӣ ва тарбияи дурусти ҷавонони худогоҳу худшинос таваҷҷуҳи хосса зохир намуда, ба мо аҳли маориф маслиҳатҳои судманд манзур менамоянд.

228

Номбурда ба ҷавонону донишҷӯён муроҷиат намуда, зикр сохт, ки дар ҳама кору пайкори худ пайрави Пешвои миллат бошанд ва миннатдории ҳайати профессорону омӯзгорони ин муассисаи олии таълимиро ба роҳбарияти ВКД баён намуда, иброз дошт, ки мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар рушди Тоҷикистони навин саҳми арзандаи хешро мерасонем.
Сипас, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода А., баромад намуда қайд кард, ки вазифаи мову шумо ин аст, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки ҷавонон нерӯи тавоно ва созанда буда, бо аз худ намудани илмҳои замони муосир дар оянда ҳамчун мутахассисони касбӣ метавонанд дар ҳама соҳаҳо кору фаъолият намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» Қодиров Фирӯз дар мавзӯи нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуд.

229

Дар охири ҷамъомад Фаттозода А., аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои судманд ба устодон ва дониҷӯёни Донишгоҳи мазкур Ифтихорномаю Сипоснома ва Раҳматномаҳо тақдим намуд.
Баргузории чунин вохӯриҳо барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ва дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандорию ватанхоҳӣ ва саҳми арзандаи онҳо дар пешрафту шукуфои Ватани азизамон мусоидат менамояд.
Абдулло Шоҳиён, Дилшод Холов.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика