Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Ҷалби ходимони дин ба ҳамкорӣ

225

Барои сафарбар намудани қувваю таҷрибаи ходимони дин дар тарбияи шаҳрвандон ва пешгири аз ҷинояту ҷинояткорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мулоқоти сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо имомхатибони масҷидҳои марказӣ ва ҷомеъи 18 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Суғд доир гашт.
Вохӯриву суҳбатҳои намояндагони мақомотҳои давлатӣ бо табақаи гуногуни ҷомеа яке аз омилҳои таъсиррасонанда ба донишу маърифати шаҳрвандон шинохта шудааст. 

226

Зимни суҳбат Қудратулло Назарзода таъкид намуд, ки имомхатибон шахсони барӯманди ҷомеа мебошанд. Истифода бурдани дин чун сарчашмаи асосии маънавӣ ва ахлоқӣ, дар таъмини волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини суботу оромӣ дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ - экстремистӣ, пешгирии зуроварӣ дар оила таҷрибаи санҷидашудаест, ки натиҷаи он манфиатбахш аст. Ҳамкории ходимони дин бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чунин имконияти созандаю некбинонаро дучанд менамояд.
Дар вохӯри авзои криминогении ҷаҳон муҳокима гардида амалҳои ба номи дини ислом доғоваранда маҳкум карда шуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика