Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии вилояти Суғд

223

Рӯзи 12-уми июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта, баргардонидани сокинони вилоят аз тадриси ғайрирасмии динӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ мулоқоти озоду ошкорои сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашт. 

Дар вохӯрӣ раисони ҷамоату шаҳрак, имомхатибони масҷидҳои марказӣ ва ҷомеъ, намояндагони Кумитаҳои ҷавонон, оила, волидайни ҷавонони дар хориҷа тадриси динӣ дошта, масъулини бахши идеалогии 18 шаҳру ноҳияҳои минтақа ва фаъолон иштирок доштанд.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода, ҳадафи баргузории мулоқотро шарҳ дода, таваҷҷуҳи аҳли нишастро бори дигар ба мавзуи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мафкураи онҳо аз донишу фаҳмишҳои зараровар ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан ҷалб намуд.

224

Расидан ба қадри осоиштагӣ моро ба ояндаи аз ин ҳам хубтару беҳтар раҳнамоӣ намуда ватанамон обод ва мардумаш зиндагии босаодатро соҳиб хоҳад шуд. Аммо ҳастанд чанд омили манфӣ, ки метавонад садди ин ҳадафҳо гардад. Гумроҳӣ ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта мисоли равшани ин гуфтаҳост. Таҳлилҳои мақомот бозгӯи он аст, ки аксари таълимгирандагони ғайрирасмии донишгоҳу донишкадаҳои динӣ дар хориҷи кишвар оқибат ҷойи худро дар миёни ифротиён пайдо намуда гумроҳ шудаанд. Имрӯзҳо баргардонидани ин қабил донишҷӯён яке аз самтҳои асосии сохтору мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла ВКД маҳсуб меёбад, илова намуд сардори Раёсат.
Дар вохӯрӣ оиди эзоҳ ва тафсилотҳои сабукидиҳандаи қонунҳои амалкунанда, ихтиёран баргаштани иштирокчиёни муҳорибаҳои ҷангии дигар давлатҳо, пушаймонӣ аз кирдор, худиқрорӣ ва даст кашидан аз аъзогии ҳизбҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда ба ҳозирин маълумот дода, иброз дошт, ки дар ҷойҳо дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад. Ҳамчунин вобаста ба мавзуъҳои матраҳгардида ва тақвияти андеша аз фаъолияти милитсия мисолҳои воқеӣ оварда, Қудратулло Назарзода аз иштирокчиён даъват намуд, ки дар ин самт бетараф набошанд.
Дар идома иштирокчиёни вохӯрӣ, ҳамрайъии худро барои ҳамкорӣ бо милитсия иброз дошта, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда андешаронӣ намуданд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика