Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихуд намудани маблағи ба тариқи қарз гирифташуда

002Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 45-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 13-уми апрели соли 2015, барои зарурияти иҷтимоӣ бо шартномаи қарзӣ аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 43000-сомонӣ ба мӯҳлати 3 моҳ қарз гирифтааст.
Маблағи қарзи мазкур бо фоизҳояш баргардонида нашудааст ва минбаъд, боз ба номбурда бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкорӣ бо шартномаи қарзӣ аз филиали ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 30000-доллари амрикоӣ ба мӯҳлати 1-сол қарз дода шудааст.
Ҳарчанд мӯҳлати баргардонидани қарз ба охир расида бошад ҳам, вале номбурда маблағи мазкурро то ҳол барнагардонида, ба филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар маҷмӯъ ба маблағи 56 ҳазору 966-доллари амрикоӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика